Бахшида ба «Соли оила»4-11-2015, 15:18
Хабарро хонданд: 421 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи баргузории чорабиниҳо ба муносибати «Соли оила» дар ноҳияи Панҷ санаи 23 октябри соли равон бо ташаббуси бахши сабти асноди шаҳрвандии ноҳия ва шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ чорабинии ботантана баргузор карда шуд. Дар ин чорабини занони собиқадори ноҳия, оилаҳои намунавӣ ва модарони серфарзанд иштирок доштанд. Инчунин дар ин ҷамъомад ба 5 нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаҳои таваллуд ва ба 20 оилаи ҷавони навташкил шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Дар ифттитоҳи чорабинӣ маҳсулотҳои ҳунарҳои халқӣ, дастдузиҳои занон ва духтарони ноҳия ба намоиш гузошта шуданд.
Дар охири ҷамъомад баҳри болида сохтани табъи иштирочиён дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишин ва саҳначаҳои пурмазмун баромад карданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.