Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Чодари найранг» дар Лоҳутӣ

«Чодари найранг» дар Лоҳутӣ

24-12-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 622 нафар
Назарҳо: 0
«Чодари найранг» дар ЛоҳутӣОн рӯз назди бинои Театри Давлатии Академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ хеле серодам буд. Бо ташаббуси Кумитаи марказии ҲХДТ кормандони дастгоҳи марказии ҳизб ва созмону ташкилоти ҳизбии шаҳри Душанбе, аз ҷумла аъзои фаъоли ҳизбии корхонаҳои муҳташами шаҳр ва кормандони ҳафтавори «Минбари халқ» дастаҷамъона ба театр рафтанд.

Ҳунармандон барои онҳо пйесаи «Чодари найранг»-ро, ки ба қалами Тӯрахон Аҳмадхонов мутааллиқ аст, пешниҳод намуданд.

Дар ин намоишнома, ки дар иртибот ба «Соли оила» пешниҳод мегашт, саҳифаҳое аз рӯзгори ду оила- хонаводаҳои эшон ва раҳбари яке аз муассисаҳои бонуфуз мавриди таваҷҷуҳ қарор ёфтаанд.

«Чодари найранг» дар ЛоҳутӣҲамсарони онҳо ду зани ҳамсоя, ки чун аксар ҳамсоязанон ҳамрози якдигаранд, аз рафторҳои хастакунандаи шавҳарони хеш ба якдигар роз мегӯянд. Баъдан ин хонумҳо бо ёрии як ҷавони шаҳрӣ, ки ба дидини бибияш ба деҳа омадааст, тарҳи қасдгирӣ аз шавҳаронро кашида, онро амалӣ месозанд. Дар рафти намоиши ин асар бинанда шоҳид мегардад, ки эшони занакабоз ва раиси гирифтори рашки беасос хеле азоб кашида, ба хатоҳояшон дар зиндагӣ иқрор мегарданд ва дар оила шеваи дигари ҳамзистиро пеш мегиранд. Ва ин хати маш ҳам дар ин мазҳака таъкид мешавад.

Воқеан он чӣ дар саҳна бозида шуд, пораҳое аз рӯзгори воқеии хонаводагии мост, ки тибқи талаботи саҳна каме нишонрастару барҷастатар пешниҳод мегарданд.

Тамошобинон борҳо саҳнаҳои ҷолиб ва ё дарёфтҳои эҷодии ҳунармандонро бо қарсакзаниҳову офарингӯиҳо қадр карданд, ки ин нишонае аз нақшофаринии хуби онҳо буд. Баъдан чандин ҳамсӯҳбатони мо иброз доштанд, ки нақши эшони занакабоз дар иҷрои Қиёмиддин Чақалов барҷастатарин образ дар ин мазҳака буда, хеле ҳунармандона бозида шуд.

«Чодари найранг» дар ЛоҳутӣВоқеан ин намоишнома, ки аз доду фарёди беҳудаи баъзе намоишномаҳои пешин орӣ буда, мавзӯи он ба рӯзгори мардум нисбатан наздик аст, тамошобинро ба худ ҷалб карда метавонад.

Раънохон Маҳмудзода, муовини раиси ҲХДТ мегӯяд, ки бори сеюм аст, ин асарро тамошо мекунад. Ӯ шогирдони худро аз факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ низ ба театр овардааст, то ба ин васила дар онҳо рӯҳияи зебоипарастӣ ва дарки асарҳои саҳнавиро тақвият бахшад.

«Чодари найранг» дар ЛоҳутӣЛутфулло Давлатзода директори Театри Давлатии Академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз ташрифи тамошобинони зиёд ба театр изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ният дорад мушкили ба театр кам омадани тамошобинро тавассути асарҳои ҷолиби саҳнавӣ ҳал намояд.

Зимнан, толори театр имсол дар фасли зимистон гарм ва муҳити форам барои тамошобинон фароҳам оварда шудаастдааст. Акнун тамошобинони тоҷик ҳамчун дигар кишварҳо метавонанд дар ин ҷо ба таври маданӣ истироҳат намуда, аз фарҳанг баҳра бардоранд.

Театр воқеан оинаи айнан мунъакискунанда нест, вале имкон дорад камбудиву мувафаққиятҳои ҳаёти муосирро чун мавзуи меҳварӣ қарор диҳаду завқи тамошобинро тарбия созад. Пешниҳоди шоҳасарҳои таърихӣ бошанд, дар бинанда ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандориро таҳрик дода метавонад, ки ин ҳама аз вазоифи театр маҳсуб мешаванд.

Умедворем, ки театрҳои тоҷик ҷалби тамошобинонро ба театр чун даврони пешин эҳё карда тавонанд, то завқи зебоипарастӣ ва фарҳангии мардумро болотар бурда, дар ин замина кохҳои мадании кишварро дар соли нав ҷойи маҳбуби хурду калон бигардонанд.
©Ҳуринисо Ализода

«Чодари найранг» дар Лоҳутӣ
«Чодари найранг» дар Лоҳутӣ
«Чодари найранг» дар Лоҳутӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: