Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 101 соли умри ибратомӯз

101 соли умри ибратомӯз

10-05-2018, 14:35
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
101 соли умри ибратомӯз
Раҳмат Қаландаров 10 маи соли 1917 дар деҳаи Кукутали ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст.
Декабри соли 1939 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дар шаҳрҳои Одесса ва Минск хидмат кардааст.
Вақте ҷанг оғоз шуд, 1,5 сол аз хидматаш гузашта буд. Қисми ҳарбие, ки Раҳмат Қаландаров хидмат мекард, дар назидкиҳои шаҳри Брест ба ҷанг ҳамроҳ шуд.
Бобои Раҳмат аз рӯзҳои оғози ҷанг ба ёд меорад, ки «Мо дар назди техникаи пуриқтидори немисҳо истодагарӣ карда натавонистем ва ақибнишинӣ кардем».
Аммо дар муҳорибаҳои шадиди тирамоҳи соли 1941 баталёни онҳо ба муҳосира монда, асир афтоданд.
Шаш моҳи асириро давраи муборизаҳо барои ҳаёт мешуморад. Апрели соли 1942 ӯ ва даҳҳо нафари дигар асирон аз лагер фирор карда, ба гурӯҳи партизанӣ пайвастанд.
Дар ҷангалҳои Житомир то нимаи аввали соли 1943 ҳамчун партизан бо душман мубориза бурда, пас аз наздик шудани фронт бо аскарони қисмҳои амалкунанда ҳамроҳ шуда ҷангро идома дод.
Бобои Раҳмат дар озод кардани шаҳрҳои Кеннисберг, Краков, Варшава иштирок дошт ва дар соҳили дарёи Элбаи Олмон ҷангро анҷом додааст.
Баъди поён ёфтани ҷанг ҳам қисми онҳо як соли дигари барои барқарор кардани тартибот дар Олмон монд.
Раҳмат Қаландаров тобистони соли 1946 ба Ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат кор кард.
Корнамоиҳои ӯ бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Шараф», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», мадали «Барои шуҷоат» ва ғайра қадр шудааст.
Бобои Раҳмат ҳоло дар деҳаи Чойхонаи ҷамоати Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ҳамроҳ бо фарзандону наберагонаш умр ба сар мебарад ва шукри ин рӯзгори орому осударо мекунад.
Мо ҷашни Ғалаба ва дар пайи он зодрӯзи боборо, ки ҳамзамон таҷлил карданд, ба ин марди шуҷоъ ва аҳли хонаводааш муборак гуфта, барояш саломатӣ ва хотири ҷамъ орзу дорем.

Довудхон Раҳматзода,
Оӯзгори МТМУ №29, ноҳияи Ёвон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: