Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Омодагӣ ба раъйпурсӣ дар ҷамоату шаҳраки ноҳияи Ёвон

Омодагӣ ба раъйпурсӣ дар ҷамоату шаҳраки ноҳияи Ёвон

20-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Омодагӣ ба раъйпурсӣ дар ҷамоату шаҳраки ноҳияи ЁвонРаъйпурсӣ, ин маъракаи муҳими сиёсӣ буда, барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани он шуъбаи ташвиқот, тарғибот ва иттилооти КИ ҲХДТ масъул мебошад. Дар фаъолияти ҳизбӣ, таблиғот яке аз самтҳои асосии кор ба ҳисоб меравад. Ба хотири баланд бардоштани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ шуъбаи ташвиқот, таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз участкаҳои раъйпурсии ҷамоати деҳоти Г.Юсуфова дидан карда, ҳолати ташкилӣ, корҳои ташвиқотию таблиғотиро оиди баргузории раъйпурсӣ аз назар гузарониданд.

Аъзоёни ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати Г.Юсуфова бо сардории Боронова Умеда ва муовини раис Назуров Ҷамшед ва инчунин аъзоёни ҷамъият дар участкаи раъйдиҳии № 19, №21 ва дигар участкаҳои раъйдиҳӣ маводҳои таблиғотиро, ки ба раъйпурсӣ тааллуқ доранд, дар ҷойҳои намоён насб намуда ва ба мардум тақсим карда, моҳияту муҳимияти ин маъракаи муҳими сиёсиро ба омма фаҳмониданд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх низ корҳои ташвиқотию таблиғотӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.

Раиси ситоди доимоамалкунанда Ғафоров Абдурасул, аъзоёни ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» Неъматов Саидбек ва дигарон бо масъулияти баланд муҳимияти ин маъракаи сиёсиро дарк намуда, дар участкаҳои раъйдиҳии № 34 ва № 35 маводҳои таблиғотиро ба райъдиҳандагон тақсим намуда, ба онҳо суҳбатҳо гузарониданд.

Умед аст, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки тақозои замон буда, зарурати маротибаи сеюм ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия - бахтномаи миллат аст, дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: