Адъютанти Маршали Ғалаба Георгий Константинович Жуков1-03-2016, 12:55
Хабарро хонданд: 373 нафар
Назарҳо: 0
25 декабри соли 2010 дар ноҳияи Ҳисор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абулхайр Орифов аз олам чашм пӯшид. Абулхайр Орифов ягона намоянда аз мардумони Осиёи Миёна ва Қафқоз буд, ки дар мурофиаи таърихии Нюренберг, ки дар он саркардаҳои зиндамондаи Олмони фашистӣ маҳкум шуданд, иштирокчии бевосита ва зиёда аз ин, айбдоркунанда буд! Ғайр аз ин шодравон ҳамчун адъютант (ёвар, ёрдамчии) Маршали Ғалаба Георгий Константинович Жуков баъди итмоми ҷанг ба Ватан баргаштааст.
Оиди зиндагиномаи аҷиби ин фарди худодод навиштан дар оилаи мо анъана шудааст. Аввалан, маводи калонҳаҷмро падарам - нависанда, рӯзноманигор ва омӯзгори собиқадор Зафар Дӯстов ҳанӯз овони шӯравӣ ба табъ расондаву бо шодравон новобаста аз фарқияти синну солӣ дӯстии қавӣ ва ҳурмати тарафайн доштанд. Бо ҳукми тақдир дуввум ва ё саввум матлаби банда чанд сол қабл, ки дар ҷодаи рӯзноманигорӣ қудуми нахустинро мегузоштам ва дар яке аз ҳафтаномаҳои маъруфи русизабони кишвар фаъолият доштам, бахшида ба ин шахс буд. Инак, хома ба даст мегирам, то хотираву руҳашро шод бигардонам, чун ҳангоми арафаи ҷашни 60- солагии Ғалаба дар манзилаш, лаби дарёи шӯхи Кофарниҳон суҳбат доштему имруз ӯ дар бари мо нест… Абдулхайр Орифов 20 апрели соли 1920 дар деҳаи Қизилқишлоқ, ҳозира Мавлошариф ( деҳа ба номи фарзанди машҳураш- Мавлавӣ Домулло Шарифи Ҳисорӣ, яке аз пешвоёни ҷараёни тасаввуф ва аз шаҳсутунҳои мазҳаби ҳанафияи Осиёи Марказӣ номгузорӣ шудааст) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ин овоне буд пур аз сахтиҳо, ки мардумро рӯзгор сангинбор карда буд. Айёми тифливу кӯдакии Абулхайр ба ин замон рост омада. Соли 1927 ӯ ба мактаби деҳ меравад ва соли 1937 онро хатм мекунад. Чун он замон миёни аҳолӣ ашхоси босавод кам буданд, Абулхайрро, ки мактабро хуб ба итмом расонид, табелчии колхоз таъин мекунанд. Замони хизмат ба Ватан даррасид ва соли 1939 ба номи ӯ аз комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома меояд. Абулхайр бо наздикон хайрухуш намуда, ҳамроҳи 20 ҷавонмардони рустоҳои Қизилқишлоқу Латтабанди ноҳияи Ҳисор роҳ ҷониби Комиссираити ҳарбии Душанбешаҳр мегиранд. Аз ин ҷо ӯро баҳри адои хизмати ҳарбӣ ба полки 716, дивизияи 157 артиши Приморский, ки дар шаҳри Анапаи вилояти Краснодари Русия мустақар буд, равона месозанд. Ҷанг На, ин ҳоло ҷанги «Гирмон» набуд. Соли 1939 миёни Шӯравӣ ва Финляндия муноқишаи сарҳадӣ сар мезанад, ки ба муҳорибаҳои калон оварда расонд. Абулхайрро ба ҷабҳа мефиристанд. Ибораи машҳури «хатти Маннергейм»-ро шунидаед? Аввалин маротиба «бӯи борут»-ро Абулхайр дар ҳамин ҷо «чашидааст». Баъд аз як соли набардҳои вазнин ин ҷанги кӯтоҳмуддат ба анҷом расидаву Абулхайри акнун ҷангдидаро ба қисми ҳарбиаш бозпас мефиристанд ва дар он ҷо ӯ хидматашро идома медиҳад. - Шаби 21-22 июни соли 1941 бароям хотирмон аст,-ба ёд овард Абулхайр Орифов,-Аз чӣ бошад, ки маҳз ҳамин шаб як ҳиссиёти таҳлукаоваре маро фаро гирифт, ки хобам намебурд. Ин ҳолат бароям аҷиб буд, чун ягон вақт аз хастагии асаб ва бехобӣ азият накашида будам. Ҳамон шаб деҳаамро хеле ёд кардам, талу теппаҳояшро, ки мани ҷавон дар он афтону хезон бозиву молбонӣ мекардам, наздиконро пазмон шудам. Албатта, тули хизмат ҳамеша дар ёдашон будам, вале ҳамон шаб дилам хиҷил буд. Аҷиб, хеле аҷиб. Саҳари барвақт ҳамаро ба по хезонданду эълон доштанд, ки Олмони фашистӣ ба хоки кишвар ҳамла овардааст. То моҳи сентябр Абулхайр бо қисми низомиаш дар шаҳри Анапа қарор дошт. Олмониҳо дар ин замон муқобилияти қушунҳои шуравиро баршикаста, устуворона ва барқосо ба дохили хоки кишвар меомаданд. Моҳи сентябр қисми низомии Орифовро ба киштиҳо нишонда барои муҳофизати шаҳри Одесса равона сохтанд. Баъд аз Одесса набардҳои хунин дар шаҳри Севастопол сурат гирифтанд, ки барои зоҳир намудани устувориву қаҳрамонӣ ба дивизияи Абулхайр Орифов унвони «зарбазан-гвардиявӣ»-ро доданд, ки дар ин саҳми ҳаммиллати мо низ назаррас аст. Октябри соли 1941 дар шаҳри Перекоп олмониҳо баҳри ба даст овардани корхонаи танксозӣ ҳуҷум ба ин нуқтаи стротежӣ оварданд. Миёни дивизияи 157 ва гитлерчиён ин ҷо набардҳои хунинбор ба амал омаданд, ки дар онҳо санаи 10 октябр Абулхайр Орифов ҷароҳати вазнин бардошт. Корхонаро ҳифз намуданд. Абулхайри маҷруҳшударо ба шаҳри Керч оварданд, ки он ҷо 5 рӯз табобат гирифта, сипас ӯву дигар маҷруҳонро ба шаҳри Куйбишев, ба госпитали ҳарбӣ равона сохтанд. Дар беморхонаи ҳарбии ин шаҳр Абулхайр 3 моҳ табобат гирифт. Ин муддат ӯро ба полки захиравӣ дохил карданд, ки дар он ҳам табобат мегирифту ҳам барои равона шудан ба ҷабҳа омодагӣ медид… Ин маротиба Абулхайри корозмудаву табобатгирифтаро ба фронти (ҷабҳаи) Қафқози Шимолӣ, бригадаи 81-ми баҳрӣ равон карданд.Олмониҳо кушиш ба он доштанд, ки ҳар чӣ зудтар минтақаҳои нафти Қафқозро ба даст оваранд, чун аз ин ашёи хоми стротежӣ танқисӣ доштанд. Ин ҷо низ муҳорибаҳои даҳшатнок идома пайдо намуданд, ки Абулхайрро боз ҷароҳат насибаш гашт. То соли 1944 Абулхайр Орифов дар ҳайати ҷабҳаи (фронти) 1-ми Украинӣ дар озод намудани шаҳрҳои Киев, Харков, Житомир, Великие Луки ва дигар шаҳрҳои кишвар иштирок дошт. Вохурӣ бо Маршал Георгий Константинович Жуков фармондеҳи ҳама ҷабҳаҳо буд, аммо баъдан бо фармони Сарвари давлати Шуравӣ Иосиф Виссарионович Сталин шахсан ҷабҳаи 1-ми Белорусро сарварӣ ва дар ин вазифа маршал Рокоссовскийро иваз намуд. Артиши 47-ро, ки акнун дар ҳайати он Абулхайр меҷангид, аз ҷабҳаи 1-и Украинӣ ба ҷабҳаи 1- Белорусӣ гузарониданд. Таҳти фармондеҳии ин лашкаркаши машҳур Абулхайр дар озод кардани Минск, Витебск, Смоленск, Каунас ва дигар шаҳрҳову рустоҳо иштирок дошт. Соли 1944 майдони муҳорибаҳо берун аз ҳудуди Шуравӣ бароварда мешавад. Артиши 47 ба хоки Лаҳистон ворид гардид. Муҳорибаҳои вазнин мерафт, олмониҳо девонавор муқобилият нишон медоданд. Маҳбусони конслагери ба таври фоҷиавӣ «машҳур»-и Майданекро, ин намунаи олии бераҳмии инсониро озод намуданд. Абулхайрро дидани манзараи мудҳиш, ки ваҳшонияти пайравони ғояҳои натсионал- сотсиализмро нишон медод, ба даҳшат овард. Пойтахти Лаҳистон- шаҳри Варшаваро озод намуданд, ки дар ин ҷо ба Абулхайр Орифов барои корнамоиҳои зоҳирнамудааш Раҳматномаи Сарфармондеҳ Иосиф Сталинро супурда шуд. Аз ҳар қисми артиш 1 сарбозе, ки ҳангоми набардҳо ҷасорат нишон доданд, ҷамъ 20 нафарро, ки миёни онҳо қаҳрамони маводи мо низ буд, ба Ситод даъват карданд. Маршал Жуков ҳама даъватшудагонро бодиққат аз назар гузаронида, ду нафар- Абулхайр Орифов ва як сарбози миллаташ рус аз Курскро ба ҳайси адъютант (ёвари) худ интихоб намуд. То анҷоми ҷанг акнун онҳо бо ҳам буданд. Ба хоки Олмон- макони фашизм расиданд. Ҷабҳаи 1- Белорус дар ҳамбастагӣ бо дигар ҷабҳаҳо аз дарёи Одер гузашта, шаҳри Франкфурти лаби Одерро озод намуданд. 5 маи соли 1945 урдуҳои ҷабҳаҳои 1 ва 2-и Украинӣ ва 1-му 2-и Белорус пойтахти Олмон- Берлинро муҳосира карданд. – Ин як «қиёмат»-ро мемонд,- мегӯяд Абулхайр Орифов,- фашистон барои муҳофизати шаҳр беҳтарин қисмҳои барҷомондаро равона сохта буданд. Якчанд хаттҳои мудофиавӣ буд, ки барои рахна карданашон қурбониҳои зиёде додан лозим омад. Замину осмон аз зарбаҳои силоҳи қудратманд меларзид, шаб аз тирҳои тупу «Катюша» ва прожекторҳо (асбоби тавонои равшанидиҳанда) ҳамчун рӯз равшан буд. Ҷангкунон ба Берлин ворид шудем. Дар шаҳр барои мудофиа ҳатто пиронсолону наврасонро сафарбар карда буданд. Бисёр хатарнок буд, чун агар аз назди биноҳои вайронашуда мегузаштӣ, кафолате набуд, ки аз дохилаш ягон писарбачаи 14-15 солае бо «фауст-патрон» туро нишон мегирад ё на. Баъд аз ҷангҳои вазнин санаи 6 май дар болои бинои Рейхстаг Ливои Сурхи Ғалаба барафрохта шуд. 8 май фелдмаршал Кейтел санади таслимшавии Олмонро имзо гузошт. 24 июн дар Маскав Гузашти (паради) таърихии Ғалаба дойир гашт, ки дар он А.Орифов низ ширкат намуд. Мурофиаи таърихӣ Баъд аз Гузашти Ғалаба Орифов ҳамроҳи Г. К. Жуков боз ба Берлин бармегардад ва ин ҷо то соли 1946 мемонад. 9 феврали ҳамон сол Абулхайр ва чанд сарбози дигарро ба ситод даъват карда, эълон медоранд, ки гуруҳи (комиссияи) босалоҳият аз Маскав омадааст ва бо онҳо суҳбат гузаронида хоҳад шуд. Баъд аз гузаронидани суҳбат ба сарбозон гуфта шуд, ки онҳо дар мурофиаи Нюрнберг ширкат хоҳанд кард. Тазаккур бояд дод, ки ҳама интихобшудагон миллаташон русу украину белорус буданд, халқҳои Осиёи Миёнаву Қафқозро танҳо А. Орифов, тоҷикписар, намояндагӣ мекард. 11 феврал ба онҳо либоси нав дода шуда, фардояш акси онҳоро гирифтанд ва ба Нюрнберг равон сохтанд. Шаҳри қадимаи Нюрнберг тахмин 500 километр дур аз Берлин, дар минтақаи ишғолнамудаи урдуҳои амрикоӣ қарор дошт. 20 ноябри соли 1946 дар ин шаҳр ҷаласаи Маҳкамаи байналмиллалии ҳарбӣ оғоз гардид, ки мақсадаш маҳкум кардани саркардаҳои зиндамондаи фашизми олмонӣ буд. Айбдоркунанда аз ҷониби шуравӣ Прокурори Генералии кишвар Роман Руденко ва иштирокчии бевоситаи мурофиа фарзанди миллати тоҷик Абулхайр Орифов буд. –Ҳама он муддате, ки мурофиа давом дошт, ба чашмони Геринг, Кейтел, Риббентроп, Йодл, Ганс Франк, Вилгелм Фрик ва дигар саркардаҳои зиндамондаи фашистӣ бо нафрати беандоза нигоҳ мекардам, чун аз дастони то китф ғарқи хуни онҳо миллионҳо нафар одамон нобуд шуда, ҳазорҳо шаҳру рустоҳои обод хароб гаштанд. Агар имкон мебуд, кори онҳоро дар дохили ҳамон толор «ҳал» мекардам. Мумкин иштибоҳ кунам, вале ба назарам чунин менамуд, ки баъзеи онҳо ба нигоҳи ман тоб наоварда, чашмонашонро ба поён медӯхтанд. Махсусан Герман Геринг- сарвари «люфтваффе»- авиатсияи ҳарбии Олмони фашистӣ ба назар хеле асабонӣ мерасид, тарсу ваҳм вуҷудашро фаро гирифта буд, чун акнун барои амалҳои содирнамудаашон муҷозот пешорӯ буд.- ба хотир меорад А. Орифов. Ҳангоме, ки ҳамарӯза онҳоро аз ҳуҷраҳои зиндон ба толори мурофиа меоварданд, аҳамият медодам, ки баъзе маъюсу аз зиндагӣ «дасту дил шуста» ҳастанду баъзеаш кушиш доштанд зоҳиран «зиндадил» бинмоянд, чун гӯё чизеро интизор буданд.Афсус, ки ҳамин тур ҳам шуд… Агар барои Герингу Кейтел, Риббентропу Франк, Йодл ва дигарон ҳукми қатл тавассути кашидан ба дор эълон карда шуд, барои Рудолф Гессу Рёдеру Валтер Функ, фон Шираху Шпеер, Нейрату амсоли инҳо муҷозот аз ҳабси якумра то мухлатҳои аз 20 то 10 сол муайян карда шуд, пас Ганс Фричеву фон Папен ва Ялмар Шахт «сафед» карда шуданд… Аз Маршал Г. К. Жуков барои Абулхайр хотираҳои нек боқӣ мондааст.- Бисёр шахси нуктасанҷу наҷиб ва дақиқкор буд,- мегӯяд ӯ,-ҳамеша аз эҳтиёҷотам пурсон мешуд. Самимиву якрӯ ва ва як ҷазабаи ба худ хос дошт, ёдаш ба хайр… Инак, мурофиаи таърихӣ ба анҷом расиду Орифов бо Маршал хайрухуш намуда, ба Ватан бармегардад. Ҳаёти осоишта ва… боз ба Берлин! Ҷумҳурӣ чун дигар гӯшаҳои мамлакати паҳновари Шуравӣ замони вазнинеро аз сар мегузаронид. Нафарони аз ҷанг омада дарҳол аз пайи барқарорсозии ҳаёти осоишта ва меҳнати вазнин мешуданд. Абулхайр баъд аз бозгашт ба зодгоҳ муаллими омодагии ҳарбии мактаби деҳааш шуд. Аммо дилбастагӣ ба меҳнати ҷисмонӣ ӯро ба майдони колхозӣ овард. Шуруъ аз соли 1947 дар колхозҳои ба номи Молотову Карл Маркс кор кард. Баъдан 12 соли дигар ба ҳайси бригадири пахтачинон дар деҳаи Кончӣ фаъолият намуда, ба деҳаи худ бармегардад ва то соли 1980, яъне то ба нафақа баромадан ҳамчун бригадир дар колхози К. Маркс кор мекунад. Бо меҳнати содиқонаву ҳалолаш ҳурмату иззати ҳамдиёронро ба даст меорад ва сазовори сипосномаҳои давлатӣ мегардад. Соли 1985 Абулхайр Орифовро ба пойтахти Ҷумҳурии Демократии Олмон- шаҳри Берлин даъват намуданд. Баъд аз гузашти 40 сол ӯ боз ба шаҳре вуруд гардид, ки даҳсолаҳо қабл ҷон ба каф гирифта, онро озод намуда ҳамчун ғолиб қадам ба кучаҳояш мезад… Ва акнун ӯ ин бор бесилоҳ, дар фазои осоишта, ба сони меҳмони қадрдон вориди он гашт. Дар Берлин ба ӯ ордени «Дӯстии Халқҳо» ва медали Эрнст Телман супурда шуд. Абулхайр Орифов, собиқадори ҷангу меҳнат, дорандаи орденҳои «Ситораи Сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» 1 дараҷа, «Дӯстии Халқҳо»,медалҳои «Барои ҷасорат», «Барои муҳофизати Қафқоз», «Барои озодкунии Варшава», «Барои муҳофизати Маскав», «Барои муҳофизати Белорус», «Барои озодкунии Белорус», медалҳои И.В. Сталин, Г.К. Жуков ва ғ. мебошад. Шумораи умумии мукофоти ҷангиву меҳнатиаш 44 адад буда, зиёда аз 30 сипосномаву ифтихорномаҳои давлатӣ дошт. Ҳукумати вақт хидматҳояшро баланд қадрдонӣ намудааст. Рӯҳатон шоду ҷоятон ҷаннатулмаъво бод, бобои Абулхайр! То ҳол суҳбати лаби дарёи шухи Кофарниҳонро ба ёд меорам ва он аз хотироти некам аст… Азамат Дӯстов. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.