Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешниҳод Меркел дар Бишкек: аз афзудани шумори донишҷӯён то густариши сайёҳӣ

Пешниҳод Меркел дар Бишкек: аз афзудани шумори донишҷӯён то густариши сайёҳӣ

15-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Пешниҳод Меркел дар Бишкек: аз афзудани шумори донишҷӯён то густариши сайёҳӣ
Бештар аз 600 ҷавон аз Қирғизистон дар Олмон таҳсил мекунанд, аммо ин рақамро мешавад афзоиш дод. Дар ин бора садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев хабар додааст.

"Мо ба роҳе, ки Қирғизистон аз соли 2010 инҷониб интихоб кардааст, эҳтироми зиёд дорем. Қирғизистон роҳи порлумони демократиро интихоб кардааст ва албатта ба пуштибонӣ ниёз дорад. Барои сокинон рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Ва бояд талош кард, ки тиҷорату хурду миёна рушд кунад, то ин ки ҷавонон худро бисозанд ва мутаххассисони ботаҷриба кишварро тарк накунанд", - афзудааст садри аъзам.

Вай ҳамчунин гуфтааст, бояд роҳи густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳиро андешид, зеро табиати Қирғизистон зебост.

Меркел мавзуи ақалиятҳои олмониро ҳам баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, олмониҳо барои рушди ҷамъияти Қирғизистон нақши муҳим доранд. "Ман имрӯз бо намояндагони ақалияти немис мулоқот кардам. Мо дар бораи имкониятҳои ояндаи бонки KFW суҳбат кардем. Оё имкони таъсиси бунёди махсуси рушд мавҷуд аст", - гуфтааст Меркел.

Садри аъзами Олмон хабар додааст, ки дар ояндаи наздик дар Қирғизистон рӯзҳои иқтисоди олмонӣ баргузор мешавад, ки имкон медиҳад робитаи тиҷориву иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Қирғизистон ва Олмон беҳтар ба роҳ монда шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: