Таҷлили ҷашни ғалаба дар шаҳри Норак12-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 394 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қасри фарҳанги шаҳр ба муносибати 71-умин солгарди Иди Ғалаба бар фашизми ҷаҳонсӯз дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, командири қисми низомии 5268-и дар шаҳри Норакбудаи Федератсияи Русия Владимир Хромченко, ҳозиринро табрик гуфтанд ва ба кулли онҳое, ки баҳри таъмини ғалабаи бузург дар майдонҳои муҳориба ва ҳам дар ақибгоҳ заҳмату фидокориҳои беназир нишон додаанд, арзи сипос намуданд.
Пас ба хотираи қаҳрамонону фидоиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди Гулхани ҷовидонӣ гулчамбар гузошта, хотираи неки қурбониёни ҷангро бо дақикаи хомӯшӣ пос доштанд. Ҳамчунин субҳи он рӯз раиси шаҳр Ҳурматзода Фатҳулло Зариф бо иштирокчиёни ҷанг аз наздик суҳбат намуда, аз аҳволу рӯзгорашон пурсон шуданд. Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шукргузорӣ аз айёми тинҷию осудагӣ карда, аз ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро изҳор намуданд. Инчунин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, НБО-и Нораку Бойғозӣ, комиссарияти ҳарбии шаҳр, қисми низомии Федератсияи Русияи дар шаҳри Норакбуда, бо маблағҳои пулӣ ва маводҳои хӯрока қадрдонӣ карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.