Миллати ман саҳм дорад…16-05-2017, 16:36
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаргуна зуҳуроту навгони ва ҳаводису табадулот наметавонад аз назари таърих ниҳон монад. Таърих шаҳодатгари ҳама воқеиятҳост. Рӯзи ғалаба ҷашни муҳимест, ки ба осони ба даст наомадааст, садҳо шаҳр вайрону валангор, ҳазорҳо оила пароканда, миллионҳо ҷон қурбон ва миллионҳои дигар бехонумон, ятиму бева маҷруҳу маъюб, ҳазорҳо ҷӯйи хун равон гардидааст, то ин рӯзро, ин идро ва ин ҷашнро ба даст оваранду соҳиб бигарданд. Башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамалакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Солҳои 1941 - 1945 Ҷанги Бузурги Ватании ИҶШС бо Германияи Фашистӣ гузаштааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои ватани азиз бар зиди истилогарони фашистӣ бар хестанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходисаи ҷамъияти, бо роҳи зури давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихохонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашист буд. Рохбарони сиёсии Германия бо иттифоқчиёнашон ки инҳо Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания буданд, 110 дивизияро бар зидди ИҶШС ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Армияи Сурх ва шикаст додани ИҶШС буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ, ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Шӯрави муяссар шуд, ки пирӯзи ба даст оваранд. Халқи советӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиёти ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо қурбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, алайҳи онҳо мубориза мебурд ва кӯшунҳои зиёди фашистро маҳв месохт, ки ин ба мағлубияти онҳо оварда расонд. Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рӯзи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бехонаву дар ва хоҷагиву кишту кор монданд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон, халқи тоҷик иштирок намуда қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳоди Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд. Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд. Хотираи неки қаҳрамонии тоҷикистониён дар арафаи таҷлили 72 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қалби насли муосир абадӣ хоҳад монд. Рӯзи ғалаба ёдбуди ниёгони далеру шуҷоъ ва паҳлавонони ҷонбохтаи миллати тоҷик ва халқи Шӯравӣ буда, бо неки ёд намудани хотираи онҳо тақозои ҳар фарди ватандӯст аст. Таҳияи Фирдавси Абдураҳмон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.