Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бадхоҳони миллат моро гумроҳ сохта наметавонанд

Бадхоҳони миллат моро гумроҳ сохта наметавонанд

7-12-2017, 09:51
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
Бадхоҳони миллат моро гумроҳ сохта наметавонанд
ТЕМУРМАЛИК. Мусоҳибаи дардовари сокини ноҳияи Дарвоз Ҳасанов Собиршо Машрабовичро дар сомонаи АМИТ «Ховар» мутолиа карда, таъҷилан онро дар миёни аҳли ҷомеа мавриди омӯзиши ҷиддӣ ва баррасӣ қарор додем. Бо фарогирии гуруҳҳои калони ҷавонон, аъзоёни фаъоли ҲХДТ, инчунин муҳоҷирони меҳнатие, ки сари чанд вақт ба давлати Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ барои мардикорӣ мераванд, дар ҷамоатҳои деҳот вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар ҷамъомадҳои баргузоргашта раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири бахши муҳоҷирати ноҳия Сафаров Баҳодур суханронӣ карда, муҳтавои мусоҳибаро ба мардуми дар ҳамоишҳо гирдомада фаҳмониданд.
Тавассути ин вохуриҳо сокинони ноҳия оид ба рафтори ғайриқонунӣ, қаллобӣ, таҳдид, хиёнату хоинӣ ва муносибати ноҷавонмардонаи роҳбар ва аъзои ташкилоти террористӣ-Экстремистии ҲНИТ ва созмони ҷиноятии «Гуруҳи 24», ки дар қаламрави Туркия қарор доранд, огаҳии ҳаматарафа пайдо карданд.
Ба ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонда, инчунин таъкид карда шуд, ки ҳангоми сафар ва сукунат дар хориҷа фирефтаи ҳаргуна шахсони ношиносу хоини миллату Ватан нашавед.
Иштирокдорони вохуриҳо низ андешаҳои ҷолиб баён карда, амалҳои ноҷавонмардонаи Кабириро қотеона маҳкум карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: