ВОХӮРӢ БО СОКИНОН25-04-2017, 11:29
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади пешбурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тасмими мақомоти Федератсияи Россия дар бораи сабук намудани муқаррароти будубоши муҳоҷирон ва авф кардани бахше аз муҷозоти маъмурии онҳо дар қаламрави Россия бо иштироки мутахассисони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва гурўҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сино чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст. Дар ин замина тибқи ҷадвали баргузории вохўриҳо санаи 22- апрели соли 2017 дар маҳаллаи Мовароуннаҳри ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Бозоров Фирдавс- сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, Муминов Абдумаҷид- мудири шўъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва аъзоёни гурўҳи таблиғотӣ бо сокинони маҳалла, махсусан ҷавонон вохўрӣ баргузор гардид. Нахуст, Муминов Абдумаҷид- мудири шўъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бо нишони эҳтиром ба пирону ҷавонони маҳал аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино изҳори сипос намуда, ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар асоси дастури Муовини якуми Раиси ҲХДТ ва тибқи мактуби расмии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 03- апрели соли ҷорӣ «Оид ба тасмими мақомоти Федератсияи Россия дар бораи сабук намудани муқаррароти будубоши муҳоҷирон ва авф кардани бахше аз муҷозоти маъмурии онҳо дар қаламрави Россия» шурўъ аз 12 апрели соли 2017 вохўриҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намудааст. Сипас, Бозоров Фирдавс- сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, қайд намуд, ки айни замон масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти марбут ба он масъалаи муҳими ҷомеаи замони муосир ба ҳисоб меравад. Чун ки имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳонро буҳрони умумии иқтисодӣ фаро гирифтааст, ки ин омил боис гардидааст, ки сатҳи иқтисодиёти кишварҳо паст гардида сокинони он рў ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Аз ҷумла ў зикр намуд, ки имрўз мувофиқи оморӣ ҷаҳонӣ дар дунё беш аз 200 миллион нафар одамон дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору зиндагӣ доранд, ки онҳо одатан аз кишварҳои дорои қувваи зиёди корӣ ба давлатҳои рушди иқтисодияшон баланд ва ба қувваи кори ниёзманд мераванд. Ҳамчунин ў зимни суханронии хеш оид ба тасмими мақомоти Федератсияи Россия дар бораи сабук намудани муқаррароти будубоши муҳоҷирон ва авф кардани бахше аз муҷозоти маъмурии онҳо дар қаламрави Россия суханронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки имрўзҳо бо ғамхориҳо ва заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муносибати дўстона бо Федератсияи Россия мушкилот ва он масъалаҳои муҳими ҷойдошта миёни муҳоҷирони кишвар рўз аз рўз хуб гардида истодааст. Дар ин замина Муминов Абдумаҷид– баромад намуда, аз ҷавонон даъват намуд, ки мояи ифтихор аст, ки насли ҷавони кишвар ба таври ҳамешагӣ мавриди таваҷҷўҳи Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва хушбахтона дар Паёми имсола Сарвари давлат соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Дар ин замина ҷавонони моро зарур аст, ки дар радифи ин ғамхориҳои Пешвои миллат тамоми саъю талошҳояшонро баҳри аз худкунии илму касбомўзӣ ва баҳри ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон равона созанд. Ҳамчунин аз ҷавонон даъват карда шуд, ки пайвасата дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъол бошанд ва ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, то ки фирефтаи ҳаргуна равияву гурӯҳҳои номатлуби терористию экстремистӣ нагарданд. Лозим ба зикр аст, ки дар фарҷоми вохўрӣ инчунин пирони барнодил, ки сокинони маҳалла буданд, аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешбурди ҷомеаи тенҷу ороми кишвар изҳори дастгирӣ намуда, дар ҳаққи Пешвои миллат дуоҳои нек намуда, аз чунин иқдомҳо дастгирӣ намуданд. Инчунин иштирокчиён дар хотимаи вохўрӣ ба намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ суолҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе суроғаи намояндагиҳои Хадамотро ба ҳамагон пешниҳод намуда, аз онҷо даъват намуд, ки дар ҳолати пайдо шудани дилхоҳ масъала вобаста ба масъалаи дар боло қайд гардида метавонанд муроҷиат намоянд ва ҳамчунин барои пайдо кардани маълумоти бештар ба иштирокчиёни вохўрӣ варақаҳои таблиғотӣ зери унвони «Патен гир- қонунӣ кор кун» дастрас карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.