Муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар.25-11-2016, 08:35
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини робитаи зич бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳайё намудани шароитҳои мусоид баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқиву сиёсии онҳо бо ташаббуси бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич бо муҳоҷирони меҳнатӣ, фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот баргузор гардид. Вохӯрӣ оид ба масъалаҳои истифодаи самаранок ва мақсадноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ, ҳимояи бозори дохилии меҳнат, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими давлатии муҳоҷират, алалхусус иҷрои хизматрасониҳои давлатӣ, фаҳмондани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар хориҷа, додани маслиҳатҳои муфид оиди муҳоҷирати бехатар ба иштирокчиён маълумотҳои зарурӣ дода шуд. Дар рафти мулоқоти мазкур мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ва узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Санавбар Баҳодурова ба сухан баромада ҳамагонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда зери ин Парчам ҳаёту зиндагонии осударо барои мардуми шарифи Тоҷикистон таманно намуд. Доир ба масъалаҳои асосии муҳоҷират ба Федератсияи Русия ибрози андеша намуда, бобати омодагињои пеш аз сафар, донистани забони русиву таърихӣ Русия, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, риояи қатъии қонунгузориҳои Федератсияи Русия маълумотҳои заруриро ба самъи иштирокчиёни мулоқот расонид. Мавриди зикр аст, ки мувофиқи қонунгузории нав «Оид ба муҳоҷират» воридшавӣ ба қаламрави ин кишвар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ва фаъолияти меҳнатӣ бо Патент суръат мегирад. Дар охири баромади хеш оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва оқибатҳои бад доштани он ба ҷавонон таъкид сохт, ки ба қадри сулҳу оромӣ, истиқлолияти кишвари худ расида фирефтаи хоинону душманони мамлакати соҳибистиқлоламон нагардем. Иштироккунандагон бо саволҳову мушкилоти худ доири муҳоҷират ба масъулин муроҷиат намуда, ҷавобу маслиҳатҳои муфидро гирифтанд. Л.Тўйчиев – мутахассис оид ба иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.