Мақсади авф кумак ба муҳоҷирон дар қонунӣ намудани будубоши худ дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад21-04-2017, 12:04
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ҷиҳати ба сокинон ба таври оммафаҳм расонидани тасмими мақомоти Федератсияи Россия дар бораи сабук намудани муқаррароти будубоши муҳоҷирон ва авф кардани бахше аз муҷозоти маъмурии онҳо дар қаламрави Россия махсусан ҷавонони шаҳраки 83, 84 ва маҳаллаи Шишхонаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохўрӣ баргузор гардид. Зимни баргузории чорабинии мазкур Маҳмуродзода Маҳаррамой- муовини раиси ноҳияи Сино, Бозоров Фирдавс- сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, Муминов Абдумаҷид- мудири шўъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Суфизода Давлат- мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва аъзоёни гурўҳи таблиғотӣ иштирок намуданд. Сараввал Солиева Зулфия- директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92-и ноҳия меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас, Маҳмуродзода Маҳаррамой- муовини раиси ноҳияи Сино оид ба масъалаҳои муҳими имрўзаи ҷомеа, аз ҷумла оид ба рафти иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино оид ба тарғиби мадданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ноҳия ва ҳамчунин дар бораи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусааллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна равияву гурӯҳҳои терористию экстремистии бо ном давлати Исломии Шому Ироқ андешаронӣ намуд. Бозоров Фирдавс ва Абдумаҷид Муминов – мудири шўъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар назди иштирокчиён маърўза намуда, дар бораи моҳияти муқаррароти будубоши муҳоҷирон ва авф кардани бахше аз муҷозоти маъмурии онҳо дар қаламрави Россия суханронӣ карданд. Дар идома Бозоров Фирдавс оид ба моҳияти масълаи мазкур суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷомеаи имрўза ба яке аз масъалаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳон табдил ёфтааст ва ин масъала на танҳои фазои кишвари соҳибистиқлоли моро фаро гиирифтааст, балки давлатҳои рў ба тараққи низ садҳо ҳазор ва ё миллион нафар муҳоҷирони меҳнатӣ доранд, ки берун аз кишварашон фаъолият менамоянд. Боиси хушбахти аст, ки имрўзҳо бо ғамхориҳо ва заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муносибати дўстонаи кишвар бо Федератсияи Россия мушкилоти муҳоҷирони кишвар рўз аз рўз сабук мегардад. Махсусан мавсуф оид ба расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатии кишвар ва тартиби дохил ва манъи шаҳрвандони мо дар дар қаламрави Федератсияи Россия андешарони намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсия Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсия Россия» воридшавиашон ба Федератсияи Россия маън гардидааст, бо ин иқдом имконияти дубора имконияти ба Федератсияи Россия воридшавиро пайдо намуданд. Лозим ба зикр аст, ки дар фарҷоми вохӯрӣ сокинони шаҳрак, махсусан ҷавонон баромад намуда дар бораи масъалаҳои ҷойдошта, аз ҷумла оид ба таъмини доими бо ҷойи кор, ташкили майдончаҳои варзишӣ, дастгириҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин таъмиру азнавсозии кўчаҳо, баланд бардоштани мадданияти шаҳрнишинӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози андешарони карданд ва аз масъулин хоҳиш намуданд, ки ба мушкилоти онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Дар фарҷоми вохӯрӣ Шарипова Олга- раиси шаҳраки 83 баромад намуда, аз таваҷҷӯҳ ба онҳо изҳори сипос намуд ва таъкид намуд, ки мо ҳамеша дар атрофи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ҳастем ва баҳри ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат мебандем ва ҷавононро дар ин роҳ тарбият менамоем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.