
ШАҲРИТУЗ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Абдукарим Ҳайбуллоев муроҷиати Ҳасанов Собиршо ба АМИТ «Ховар»-ро дар коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов, деҳаҳои Қаҳрамон ва Чоршанбе мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин вохӯриҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз низ иштирок дошта, мусоҳибаи Ҳасанов Собиршоро ба иштирокчиён қироат карда, рафтори номатлубу ғайриқонунӣ, қаллобию фишороварии ташкилотҳои террористӣ- экстремистии ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24»-ро нисбати Собиршо Ҳасанов ва оилаи ӯ, инчунин нисбати дигар шаҳрвандони ҷумҳуриамон гуфта гузаштанд ва аз ҷониби иштирокчиён рафтори ташкилотҳои экстремистӣ-террористии ҲНИТ ва “Гурӯҳи-24” маҳкум карда шуд.