
ХУРОСОН. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дармонгоҳ» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҳамоиш таҳти унвони «Ҳушёриву зиракӣ мароми мост» дар партави мусоҳибаи А.Сангзода бо Собиршо Ҳасанов, ки аз сомонаи АМИТ «Ховар» бармеояд, баргузор гардид.Машваратро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дармонгоҳ» Муҳаммад Парвиз Муҳаммад оғоз намуда, оид ба рафторҳои ғайриқонунӣ ва муносибати нољавонмардонаи аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ ва созмони љинояткори «Гурӯҳи-24» нисбат ба шаҳрванди Тољикистон Собиршо Ҳасанов, сокини ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон дар кишвари Туркия ба амал омадааст, суханрониҳо карда, таъкид дошт, ки онҳо нисбати фарзандон бепарво набошанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.