Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Рӯзҳои “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор

Рӯзҳои “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор

18-05-2017, 10:49
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои “Созандагони  Ватан” дар шаҳри Ҳисор
Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар бахшида ба “Соли ҷавонон” аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии чавонон “Созандагони Ватан” маҷмӯи чорабиниҳо таҳти унвони рӯзҳои “Созандагони Ватан” доир гардида истодааст, ки ҳадаф аз баргузории он тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рухияи эхтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ арзёбӣ карда мешавад.
Дар шаҳри Ҳисор низ чунин як ҳамоши ҷавонон таҳти унвони “Саҳми ман дар рушди кишвар” дар доираи рӯзҳои “Созандагони Ватан” доир гардид.
Чорабинӣ аз якчанд қисмат, яъне роҳпаймоии ҷавонон, кашидани расми беҳтарин, намоиши маҳсули корҳои дастӣ, чорабинии сиёсӣ ва фарҳангӣ иборат буданд.
Зимни ҳамоиш қайд гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ҷавони бо нангу номус ва озодандешро мебояд, ки дар самти пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ кушиш ба харҷ дода, алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ки ба ин ду арзиши олии миллӣ хатар эҷод менамоянд, мубориза беамон баранд.
Чорабинӣ дар руҳияи баланди шукргузори аз сулҳу ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гардида, ба фаъолон Ифтихорномаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: