«Роҳи ваҳдат»-и «Созандагони Ватан» дар ВМКБ анҷом ёфт4-07-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 336 нафар
Назарҳо: 0
Тавре қаблан иттилоъ дода будем санаи 30 июн то 3 июли соли ҷорӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузории роҳпаймоии автомобилӣ таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» ба шаҳру навоҳии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шуда буд.
Инак, чорабинӣ таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» дар шаҳру навоҳии ВМКБ доир гардида, шоми 3 июл корвони мошинҳо, ки санаи 30 июн аз шаҳри Душанбе ба самти ВМКБ раҳсипор гардида буданд, ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Гуруҳ ҷавонон, ки аз манотиқи гуногуни кишвар шомил буданд, аз мавзеъҳои истироҳатӣ, таърихӣ, истеҳсолию фарҳангии Бадахшон дидан намуда, бо ҳамсолони худ «Рӯзи Ваҳдати миллӣ»-ро таҷлил намуданд. Баргузории ин чорабинӣ бори дигар нишон дод, ки ҷавонони ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ якдилу якҷон ва дусту тифоқ буда, атрофи ғояи пешниҳоднамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» боз ҳам муттаҳид гардида истодаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.