Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Созандагони Ватан» омилҳои ифротгароии ҷавононро баррасӣ намуданд

«Созандагони Ватан» омилҳои ифротгароии ҷавононро баррасӣ намуданд

20-11-2015, 12:49
Хабарро хонданд: 537 нафар
Назарҳо: 0
«Созандагони Ватан» омилҳои ифротгароии ҷавононро баррасӣ намуданд Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи даври дуюми чорабиниҳои худ бахшида ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудавварро дар мавзӯи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» баргузор намуд.
Дар кори мизи мудаввар ҷавонон аз навоҳии шаҳри Душанбе, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, рузноманигорону коршиносон, аҳли дин ва мақомоти муҳоҷират иштирок намуда, масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин аз ҷониби ташкилоти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» ба нақша гирифта шудааст, ки бо донишҷуёни макотиби олии дар пойтахтбудаи кишвар вохурию мулоқот доир намуда, ҳарчи бештар ҷавононро аз ҳадафҳои шуми ҳизбу гуруҳҳои ифротӣ, ки ҳадафашон ноором кардани ҷомеа мебошад, огоҳ созад.
Ҳамчунин, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба рӯҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, иборат мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: