25 ҳафтаи созандагию ободонӣ19-03-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 415 нафар
Назарҳо: 0
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», ки ҳамчун ниҳоди ҷамъиятии татбиқкунандаи сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти кор бо ҷавонон мебошад, дар фаъолияти худ ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯхияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сафарбар намудани қувваи бузурги созандаи онҳо ба корҳои чамъиятӣ ва созандагию ободонии меҳани соҳибистиқлол, пешгириии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайра аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо дарки рисолати ватанпарварона ва масъулияти бузург, аз 21 март то 10 сентябри соли 2016 иқдомҳои худро таҳти унвони «25 ҳафтаи созандагию ободонии Ватан, 25 ҳафтаи корҳои наҷиб ва 25 ҳафтаи иқдомҳои Созандагони Тоҷикистон»-ро эълон медорад. Дар доираи ин иқдом, ки иборат аз 25 ҳафтаи мукаммал мебошад, ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтааст, ки 25 иқдоми алоҳидаро таҳти унвонҳои мухталиф, ба монанди ҳафтаи тарбияи ватандӯстӣ, ҳафтаи ҷавонӣ, ҳафтаи солимӣ, ҳафтаи таҳкими Ваҳдат миёни ҷавонон ва тараннуми Ваҳдат, ҳафтаи тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳафтаи тарғиби фарҳанги миллӣ, ҳафтаи намоиши маҳорати ҷавонон, ҳафтаи пиёдагардӣ ва тарғиби табиати биҳиштосои Ватан ва ғайра, ки ҳар яке аз шаклҳои ба худ хоси чорабиниҳо иборат хоҳанд буд, амалӣ намояд. Дар охир иқдоми мазкур дар шакли озмун ҷамъбаст гардида, намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки дар амали намудани ин амри хайр фаъол буданду, саҳми муносиб гузоштанд, бо туҳфаҳои молию пулии Шӯрои Марказии ташкилот қадрдонӣ хоҳанд гашт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.