«Роҳи ваҳдат - 2016» бо ташаббуси «Созандагони ватан» оғоз гардид29-06-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тақвияти дӯстию рафоқати ҷавонони минтқаҳои гуногуни кишвар соли чорум аст, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар рӯзҳои баргузории ҷашни «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» роҳпаймоии автомобилии ҷавонон таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» доир мекунад.
Ҳамасола чорабинии мазкур аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар минтақаҳои Суғд, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ, то ноҳияи Ҷиргатолу шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Имсол бошад, дар назар аст, ки ин чорабиниро аз санаи 30-юми июн оғоз намуда, 3-юми июл бо иштироки 90-100 нафар ҷавон аз минтақаҳои мухталифи кишвар дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хорӯғ-Ишкошим доир намояд. Дар доираи чорабинӣ, боздиди ҷавонон аз мавзеъҳои таърихӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар назар аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.