Ҳифзи Ватан – шарафу ифтихори ҷавонон8-05-2017, 11:38
Хабарро хонданд: 370 нафар
Назарҳо: 0
Вобаста ба иҷроиши нақшаи чорабиниҳои намояндагии «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба «Соли ҷавонон» аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки афсарону сарбозони қисми низомии 2610 ва зиёда аз 150 нафар аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» чорабинӣ баргузор карда шуд. Сараввал Комиссари ҳарбии комиссариати ноҳия бо сухани ифтиттоҳӣ баромад намуда, иқдоми пешгирифтаи ҷавонони ноҳияро хеле пазироӣ намуд ва зиёд намудани чунин чорабиниҳоро тасеа дод. Зеро ба гуфтаи ӯ мудофиаи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар идомаи чорабини намояндагони қисми низомии 2610 ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Комилов С. ба сухан баромада, баргузор намудани чунин вохуриҳоро яке аз самтхои тарбияи чавонон дар рӯҳияи ватандустӣ ва ифтихори миллӣ унвон намуданд. Зеро алҳол гумрох шудани баъзе чавонон аз чониби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мушоҳида карда мешаванд. Дар охири чорабинӣ баромади ҳунармандони шуъбаи фарҳангӣ ноҳия хеле ҷолибмон буд. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузории чунин чорабиниҳоро то охири сол, ки «Соли ҷавонон» маҳсуб мешавад, идома хоҳад дод. Атавуллоева З. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.