«Созандагони Ватан» муборизаро бар зидди ақидаҳои ифротӣ пурзӯр менамояд
2-10-2015, 15:30. Разместил: admin

Дар чорабинӣ оид ба ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии он, ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияти давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд ва огоҳ сохтани мардум, бахусус ҷавонон аз оқибатҳои нохуши онҳо маърӯзаҳо қироат гаштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрӣ анҷом дода шуд. Зимни мулоқот атрофи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ суҳбати судманд доир шуд. Зимни машварат донишҷӯён аз ҳадафҳои шуми ҳизбу ҳаракатҳое, ки фаъолияташон манъ карда шудааст, огоҳӣ пайдо намуда, иқдомоти мақомоти давлатиро дар хусуси манъ намудани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳое, ки фаъолияташон хусусияти террористию экстремистӣ дорад, ҷонибдорӣ намуданд.
Дар назар дошта шудааст, ки чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар макотиби олии шаҳри Хуҷанд баргузор шаванд.
Бояд иброз намуд, ки ТҶҶ «Созандагони Ватан» шурӯъ аз моҳи июн дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марҳилаи аввали чорабиниҳоро ба хотири пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз рӯи усули кӯча ба кӯча ба анҷом расонида, марҳилаи дуюми онро бо иштироки фаъолони ҷомеа ва донишҷӯёни макотиби олӣ шурӯъ намуд. Баргузории ҷунин мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо дар шаҳрҳои Хоруғ, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Вернуться назад