Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲНИТ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ карда шуд

ҲНИТ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ карда шуд

29-09-2015, 17:30
Хабарро хонданд: 455 нафар
Назарҳо: 0
ҲНИТ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ карда шудИмрӯз аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералиро дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) - террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани вебсайти интернетии хизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муайян карда шуд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 4-уми декабри соли 1991 ташкил шудааст.
Солҳои 1992-1997 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.
Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.
Роҳбари шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик бошанд, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додаанд.
Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхӯҷа, Шарипов Муссаямхӯҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарӯз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хӯрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.
Санаи 11-уми августи соли ҷорӣ бошад 5 аъзои ҲНИТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар купруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ"-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон - роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.
Чунин парвандаи ҷиноятӣ оиди ҳолати афрохтани парчами “ДИИШ” дар ноҳияи Шаҳритуз низ мавриди тафтишот қарор дорад.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигаp аъзоёни Раёсати Олии ин ҳизб аз соли 2010 то инҷониб тавассути рӯзномаи “Наҷот” ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқро дар руҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монда истодаанд.
Бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гуруҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор (муваззаф) кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.
Тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.
Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад, бо сарлавҳаи “Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хастед!!!”, дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш аз ҷумла баён доштанд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шӯълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерӯи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирӯзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирӯзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед”.
Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрӯза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрӯзаро дорад.
Бо ин мақсад, шаби 03 ба 04 сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин задаанд.
Аз ҷумла, Назарзода А.М. бо сӯиистифода аз мақоми хизматии муовини вазири мудофиа, ҳамчун яке аз сарварони иттиҳоди ҷиноятӣ, дар якҷоягӣ бо гуруҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, иборат аз 12 нафар, аз ҳисоби шаҳрвандони ғайринизомӣ навбатдории нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615-ро беяроқ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ, тасарруф намудаанд.
Ҳаракатҳои ҷиноятии худро идома дода, Назарзода А.М. ва ҳаммаслакони ӯ, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Саидзода Бобоҷон ва командири қисми ҳарбии № 08050-ро дар Вазорати мудофиа ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.
Дар фосилаи зикршуда, зиёда аз 150 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А.М. дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ “Хлебзавод”, воқеъ дар ш.Душанбе, кӯчаи А.Дониш 55, ки ба Назарзода А.М., тааллуқ дорад ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати Калашников, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд.
Ҳамчунин, номбурда бо дигар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятии худ, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардонидани боқимонда аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 автомати Калашников, 9 гранатомёт, 5 милтиқи снайперии Драгунов (СВД) ва 8 пулемёти дастии Калашниковро тасарруф намудаанд.
Минбаъд, Назарзода А.М. ва дигар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намудаанд.
Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Ғайр аз ин, дар сомонаҳои расмии ҲНИТ хабарҳои иғвогарона паҳн карда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд.
Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд.
Оиди аз ҷониби ҲНИТ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИТ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.
Ҳамин тариқ муайян карда шуд, ки мақсади асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.
Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гуруҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб намудани манъ карда шуд.
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: