БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН (Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020)28-09-2015, 15:40
Хабарро хонданд: 1273 нафар
Назарҳо: 0
Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум! БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН (Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020) Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд - ҲХДТ) зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. ҲХДТ дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият, аз ҷумла пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, иштирок дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош хоҳад кард. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб бармеояд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ин ҳадафҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад. Мо ҷиҳатҳои мусбати таҷрибаи солҳои қаблиро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2015 ва истифодаи дигар имкониятҳои бузурги захиравӣ барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тамоми нерӯи худро равона месозем. ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ ҲХДТ раванди инкишофи бонизоми иқтисодиётро ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро дастгирӣ менамояд. Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҲХДТ пешбурди ҳафт самти афзалиятнокро то солҳои 2020 ҳадафи асосии худ қарор дода, барои амалӣ намудани онҳо ҷидду ҷаҳд мекунад. 1. Такмили сохтори иқтисодиёт, ки рушди бемайлони бахши воқеии иқтисодиёт ва афзоиши устувори маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро таъмин менам/яд. Барои татбиқи ин ҳадаф ҲХДТ иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморад: - беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ, шаффофият ва дастрасии онҳо ба мардум, инчунин баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати сари вақт ва сифатнок пешкаш намудани хизматрасониҳо; - мусоидат ба иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ва қабулу татбиқи барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт; - иштирок дар таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030; - бо дарназардошти иҷрои нишондиҳандаҳои барномаҳои қабулшуда таъмин намудани тавозуни сиёсати макроиқтисодӣ бо сиёсати рушди соҳавии иқтисодиёт ва маҳдуд кардани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ; - пешгирии таъсири омилҳои манфии сиёсати иқтисодии ҷаҳони муосир ва таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ; - ҷорӣ намудани механизми гузариши иқтисодиёти кишвар аз зинаи аграриву индустриалӣ ба зинаи индустриаливу аграрӣ бо роҳи ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, аз ҷумла рушди саноати истихроҷи маъдан, саноати металлургияи ранга ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ аз онҳо, инчунин саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ; - гузариш аз роҳҳои анъанавии истеҳсолот ба усулҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бахусус дар саноат ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ бо роҳи ташкили технопаркҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ; - истифодаи самараноки захираву манбаъҳои барқароршаванда ва рӯ овардан ба “иқтисоди сабз” бо мақсади ғамхорӣ ба наслҳои ояндаи миллат; - паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи дастгирии давлатии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва чорвои хушзот; - самаранок истифода бурдани заминҳои корам, алалхусус заминҳои корами обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда; - таъмин намудани рушди бемайлони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии рақобатпазир, ислоҳоти равандҳои истеҳсолӣ, обёрӣ, заминдорӣ ва идоракунии соҳа, инчунин зиёд кардани ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда тавассути такмили механизмҳои хоҷагидорӣ; - ҷорӣ намудани механизми ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ; - коҳиш додани тамоюли манфии гардиши савдои хориҷӣ ва суръат бахшидан ба раванди диверсификатсияи содироти кишвар; - бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ мутобиқ гардонидани иқтисодиёти кишвар ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ; - баланд бардоштани мавқеи соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёти миллӣ. 2. Ҷиҳати таъмини рушди комплекси энергетикии мамлакат ҳамчун омили бунёдии рушди устувори иқтисодӣ ҲХДТ иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморад: - ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикии мамлакат тавассути сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар силсиланерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна; - бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Норак, Сарбанд, Қайроққум ва иншооти дигар; - зиёд кардани сармоягузорӣ ба соҳаи энергетикаи мамлакат ҳамчун омили калидии рушди иқтисоди миллӣ; - амалӣ гардонидани лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла хатти минтақавии «CASA-1000»; - таъмини рушди комплекси энергетикиву сӯзишвории мамлакат тавассути инкишоф додани соҳаи саноати ангишт ва истихроҷи нафту гази ватанӣ; - таъмини пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо гармӣ ва барқ тавассути сохтмони марказҳои барқу гармидиҳӣ. 3. Таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишварро ҳамчун омили тараққиёт эълон дошта, ҲХДТ амалӣ гардидани чорабиниҳои зеринро пайгирӣ менамояд: - таъмини рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакат ва беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии онҳо; - таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои мамлакат; - таҳкими фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо, такмили низоми буҷет ва таъмини уҳдадориҳои иҷтимоӣ; - ҷорӣ намудани механизмҳои нави иқтисодии ташаккули буҷети ҷамоатҳо, инчунин дарёфти роҳҳои таъмини худкифоии буҷети шаҳру ноҳияҳо; - фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди иқтисодиёти деҳот тавассути дастгирии давлатии субъектҳои бахши хусусӣ, инчунин ҷойгиркунии корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ бо дарназардошти боз ҳам беҳтар ва самаранок истифода намудани захираҳои ашёи хом, қувваҳои истеҳсолӣ ва дигар имконоту хусусиятҳои минтақа. 4. Пешбурди сиёсати самараноки молиявӣ ҷиҳати таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда Дар ин замина ҲХДТ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад: - истифодаи буҷети давлатӣ ҳамчун воситаи муҳимми батанзимдарорандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ; - назорати иҷрои мақсадноки хароҷоти давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо дар тамоми ҷузъҳои низоми буҷетии мамлакат; - афзун намудани даромади буҷети давлат бо роҳи такмили низоми андозбандӣ ва муайян кардани тадбирҳои ҳавасмандгардонии андозсупорандагон ва маъмуригардонии андозҳо; - таъмини устувории қурби асъори миллӣ бо роҳи татбиқи сиёсати самараноки молиявию қарзӣ; - тақвияти фаъолияти низоми бонкӣ, таъмини пардохтпазирӣ ва эътимоднокии бонкҳо, дастрасии мизоҷон ба қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои муносиб, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ; - танзими фаъолияти мақомоти андоз барои дастгирии рушди соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти васеъшавии манбаъҳои андозбандӣ; - ташкили механизми ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати нигоҳдории пасандозҳо дар бонкҳо ва истифодаи гардиши самараноки онҳо барои иқтисоди миллӣ; - тавсеа ва рушди бозори молиявии мамлакат мутобиқ ба талаботи иқтисодиёти кишвар. 5. ҲХДТ ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкориро ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт дар маркази барномаи ҳизб қарор дода, фаъолияти худро ба самтҳои зерин равона менамояд: - андешидани тадбирҳои мушаххас бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ тавассути такмили низоми қонунгузорӣ ва пешниҳоди кафолати сармоягузорӣ ва созишномаҳои сармоягузорӣ; - таҳия ва татбиқи чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ барои вусъатбахшии рушди соҳибкории истеҳсолӣ; - татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва истеҳсоли молу маҳсулоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ; - дастгирии ҳамаҷонибаи рушди бахши хусусӣ бо мақсади ташаккули табақаи миёнаи аҳолӣ; - дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории истеҳсолӣ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ; - ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ; - кам кардани санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо роҳи тақвияти ислоҳоти низоми санҷиш, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ; - таъмини истифодаи шаффофу самаранок ва мақсадноки маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва мусоидат ба афзоиши ҳаҷми маблағҳои он; - таъмини рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун равзанаи иртиботи иқтисодиёти мамлакат бо иқтисоди ҷаҳонӣ, риояи тартиби воридоти бемонеаи сармоя ва техникаву технологияҳои муосир ба иқтисодиёти кишвар. 6. ҲХДТ инкишофи инфрасохтори коммуникатсионии мамлакат ва пайваст намудани онро бо шабакаҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ ҳамчун идомаи татбиқи стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дониста, иҷрои чунин корҳоро зарур мешуморад: - сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан, сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ; - суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории аҳаммияти дохиливу минтақавидошта, ки имкониятҳои транзитии кишвар ва ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалиро боз ҳам афзун мегардонанд; - ташкил ва рушди марказҳои нақлиётиву логистикӣ, ки имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд; - идомаи ислоҳот ва татбиқи саривақтии барномаҳои қабулшудаи соҳаи нақлиёт, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ. 7. ҲХДТ дар самти беҳбудии идоракунии давлатӣ ва тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд чунин вазифаҳоро мувофиқи мақсад мешуморад: - баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми давлатӣ тавассути таъмин намудани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ; - густариши татбиқи механизмҳои ба мувофиқа расонидани афзалиятҳои рушд дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ; - суръат бахшидан ба раванди татбиқи барномаи “ҳукумати электронӣ” ва таъмини шаффофияти фаъолияти он; - таъмини идоракунии истифодаи самараноки амволи давлатӣ; - андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии фаъолият дар хизмати давлатӣ. ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ 1. Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ. Дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад. ҲХДТ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба масъалаҳои зерин эътибори ҷиддӣ медиҳад: - таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; - нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат; - тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ; - таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар; - пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият; - тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо; - таъмини рушду устувории иқтисодиёти кишвар; - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ; - пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла намудҳои муташаккили он; - мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир; - мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ. 2. Идораи давлатӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии ҲХДТ дар панҷ соли оянда ба шумор мераванд. Бо мақсади ҳарчи беҳтар кардани муносибатҳои байни шахсият, ҷамъият ва давлат дар марҳалаи нави тараққиёти мамлакат ҲХДТ ҷонибдори идомаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан дар раванди демократикунонии ҷомеа мебошад. Барои ин ҲХДТ: - сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор медиҳад; - ташкили интихоботи шаффофу демократӣ, рақобати озоди аҳзоби сиёсӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногунандешии сиёсиро, ки ба ташаккули равандҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунанд, ҳамаҷониба пуштибонӣ менамояд; - ҳамчун ҳизби созанда ва бунёдкор аз арзишҳои милливу умумибашарӣ, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷонибдорӣ мекунад; - ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки арзиши олӣ эътироф гардидаанд, вазифаи муқаддаси худ мешуморад. - нақши мусбати ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими арзишҳои демократӣ таъкид намуда, ба ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии кишвар, инчунин таъмини шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили низоми гуногунандешии сиёсӣ мусоидат менамояд; - ислоҳоти мунтазами низоми ҳокимияти давлатиро ҳамчун механизми муҳимми таъминкунандаи фаъолияти самарабахши идоракунии давлатӣ арзёбӣ мекунад; - дар замони афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ ва шиддат ёфтани мубориза ва рақобати давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои геополитикиашон таъмини тамомияти арзӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдо¬рии сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишварро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ ҳисоб мекунад; - дар масъалаи муносибат ба дин ва озодии виҷдон сиёсати худро бар асли дунявият, эҳтироми муқаддасоти динӣ, ҳамкориҳои созанда бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои динӣ ба роҳ монда, ба хотири ҳифзи анъанаҳои мазҳабӣ, суннати таҳаммулгароӣ, мероси фарҳангии динҳо, озодандешии таърихии миллӣ ва муколамаи ғояҳо саъю талош мекунад. - ҳама гуна зуҳуроти таассуб, радикализм, терроризм ва ифротгароии хушунатомези диниву мазҳабиро маҳкум намуда, дар ин масъала фарҳанги таҳаммулгароӣ ва озодандеширо омили муҳимми худшиносии миллӣ меҳисобад. 3. Ислоҳоти кадрӣ ва сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия. ҲХДТ зимни амалӣ намудани ислоҳоти сиёсати кадрӣ хислатҳои зерини шахсиро муҳим мешуморад: - садоқат ба Ватан ва мардуми кишвар; - дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлатӣ ва умумимиллӣ; - салоҳиятнокӣ ва маҳорати баланди касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва зеҳниву таҳлилӣ; - ҳисси баланди масъулият, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ; - оштинопазирӣ нисбат ба амалҳои коррупсионӣ; - инсондӯстӣ ва риояи адолати иҷтимоӣ; - фарҳанги баланди маънавию сиёсӣ; - ахлоқи ҳамида. 4. Таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон. ҲХДТ ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро ба ҳаёт, қадр, номус, шаъну шараф, озодии сухан, баёни андеша ва монанди инҳо эътироф ва эҳтиром намуда, ба таъмини онҳо мусоидат менамояд. 5. Муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ. ҲХДТ тамоми нерӯ ва имконоти худро ба ҳифзи фазои солими сиёсӣ, гуногунандешӣ, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва табақаҳои гуногуни ҷомеа равона месозад. 6. Таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон. ҲХДТ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» саъю талош менамояд. 7. Амнияти миллӣ. ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза хоҳад бурд. Дар самти амнияти миллӣ ҲХДТ масоили зеринро муҳим мешуморад: - барои ҲХДТ амнияти шахсии ҳар як шаҳрванд муқаддас аст. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд аз авлавиятҳои миллӣ ва омили муҳимми рушди устувори ҷомеа, шарти ҳаёти иҷтимоии сазовор ва шоистаи мардум ҳисобида мешавад; - ҲХДТ таассуби диниро ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ ва озодандешӣ дониста, эҳё ва рушди анъанаҳои таърихии озодандешии миллиро дар баробари даъвоҳои сиёсиву мафкуравии бунёдгароёнаи динӣ, ҳизбӣ ва гурӯҳӣ барои пойдорсозии ҳувияти миллӣ василаи таҳкими аркони давлатдории дунявӣ ва имкониятҳои фарҳангии ҷомеа дар масъалаҳои амнияти иттилоотии кишвар зарурати ҳаётӣ мешуморад; - ҲХДТ ҳамчун асосгузори принсипи дунявият дар кишвар ҳамкориро бо ҳизбу ҳаракатҳои ҳаммонанди сиёсии дохиливу хориҷӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири густариши арзишҳои умумиинсонӣ дар маънавиёти ҷомеа ва бунёди инфрасохтори амнияти ҷамъиятиро аз самтҳои стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ меҳисобад; - ҲХДТ зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастиро қабул надорад. Бинобар ин, бегонашавии маънавии баъзе гурӯҳҳои ҷавононро дар заминаи ифротгароии мафкуравӣ омили хатарнок ҳисобида, ин тамоюлро яке аз сабабҳои гаравидани онҳо ба ҳаракатҳо ва созмонҳои диниву террористии байналмилалӣ мешуморад. Аз ин ҷиҳат, ҲХДТ ҳалли масъалаҳои маънавӣ ва тарбияи худшиносии миллии мардум, хусусан ҷавононро дорои хусусият ва аҳаммияти амниятӣ дониста, мақом ва нақши ниҳодҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии давлатиро дар ин ҷода аввалиндараҷа меҳисобад; - ҲХДТ давлатро ҳомии асосии ҳуқуқу озодиҳои динӣ медонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ифротгароии сиёсӣ ва диниро ҳамчун мубориза ба муқобили дин ё поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон намеҳисобад. Ин мубориза ба хотири амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ кардани қурбонсозии фарзандон барои манфиатҳои нерӯҳои беруна мебошад. Аз ин ҷиҳат, ҲХДТ ҳамкории худ ва давлатро бо иттиҳодияҳои динӣ ба хотири таъмини муҳити солими диндорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ амри зарурӣ медонад; - иқтидори бахшҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи миллии ба ҷаҳонбинии илмӣ асосёфта равона мегардад ва ҳамзамон бо ин, ҳизб ҷиҳати пешгирии фаъолияти гурӯҳҳо ва ҷараёну ҳаракатҳое, ки ба амнияти давлат, миллат, ҷомеа ва сохти конститутсионии Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, пайваста талош меварзад. 8. Омили инсонӣ дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ. ҲХДТ барои рушди омили инсонӣ дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ татбиқи барномаҳои афзалиятноки қабулшуда ва таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро барои афзоиши нерӯи инсонӣ дар кишвар, инчунин тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, соҳиби илму маърифат ва донишу ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад. 9. Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. ҲХДТ бо мақсади рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани нақши он дар байни аҳолии кишвар барои ҳамкории ҳамешагии ҳокимият бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ кӯшиш менамояд, муколамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро ба хотири ҳифзи манфиатҳои олии давлатӣ тавсеа бахшида, ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳангии он мусоидат менамояд. ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ҲХДТ идома додани сиёсати «дарҳои кушода» ва стратегияи бисёрсамтиро ба хотири ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, густариши робитаҳои мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои татбиқ намудани стратегияҳои асосии рушди кишвар ҷонибдорӣ менамояд. Дар пайравии талошҳои дар ин самт суратгирифта ҲХДТ муътақид аст, ки мисли пештара ҳимоят аз амнияти миллӣ ва тамомияти арзии кишвар, суботи сиёсӣ ва ваҳдати ҷомеа дар шароити таҳаввулоти босуръат ва пуртуғёни арсаи байналмилалӣ бояд аз умдатарин ҳадафҳои сиёсати хориҷии ҳизб боқӣ монад. Аз ин рӯ, тақвият ва таҳкими ҳамгироӣ бо шарикони боэътимод ва санҷидаи стратегӣ, иштироки фаъол дар равандҳои таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва бо ҳамин роҳ ноил шудан ба ҳимояту ҳифозати субот дар кишвар ва минтақа ба ҳайси вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии мамлакат маҳсуб хоҳанд шуд. Дар айни замон саъю кӯшишҳои мушаххас ҷиҳати рушди устувори кишвар, татбиқи тарҳу барномаҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва дар ин замина беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолии мамлакат ҷанбаи дигар ва ҳамешагии муҳимтарини сиёсати хориҷии кишварро ташкил намуда, бояд ҳадафмандона идома дода шавад, ки он таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамёриро бо кишварҳои шарики анъанавии мо тақозо мекунад. Дар ин росто, ҳамкории босамар ва муваффақонаи Тоҷикистон бо созмонҳои мухталифи байналхалқӣ, аз ҷумла ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ низ дар сархати муносибатҳои хориҷии мо қарор гирифта, бояд саъю талошҳои моро дар самти таъмини равобити фаъол, мутавозин ва созанда бо ҳамкорони байналмилалӣ мукаммал гардонанд. Дар маҷмӯъ сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ба андешаи ҲХДТ, бояд таҷассумгари ормонҳои ҷомеаи муосири кишвар ва табиати сулҳҷӯёнаи он гашта, мақому манзалати шоиста ва эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намояд. ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нишондиҳандаҳои омори иқтисодиву иҷтимоӣ сол ба сол рушд меёбад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни соҳавии асоснок аҳаммияти аввалиндараҷа касб намуда, тавассути онҳо барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам меояд. ҲХДТ бо мақсади амалӣ гардонидани тадбирҳои муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар як фард иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморад: - мусоидат намудан ба таҷдид ва навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот, бахусус, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ, обрасонӣ, фарҳангу варзиш ва ғайра; - ташаккули минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии шарикии иҷтимоӣ байни кордиҳандагон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ; - ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба барномаҳои омӯзишӣ, пеш аз ҳама, беҳтар намудани дастрасии духтарон ва занон ба таҳсилот; - таъмини ҳамгироии фаъолияти роҳбарӣ ва соҳибкорӣ дар барномаҳои таҳсилоти касбӣ; - зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла бозомӯзии онҳо. ҲХДТ минбаъд низ ташаббусу ибтикороти ҷавонону занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маҷмӯъ кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд. ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии онҳо кӯшиш мекунад. 1. Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ. ҲХДТ дар панҷ соли гузашта муваффақ гардид, ки дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат тағйироти мусбат ворид созад. ҲХДТ ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроия ва масъулияти шахсии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дигар мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, инчунин бахши хусусӣ ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо ва ҳифзи ҳуқуқи заҳматкашон ноил гардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ҲХДТ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад: - паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ; - омӯхтани талаботи бозори меҳнати давлатҳои қабулкунанда ва дар асоси ин талабот тайёр кардани мутахассисон; - мутобиқ гардонидани қонунҳои амалкунандаи мамлакат оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо қонунгузории кишварҳои хориҷа; - чораҷӯӣ доир ба қабули шартномаи суғуртаи иҷтимоӣ барои муҳоҷироне, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонии хизматрасонӣ; 2. Тандурустӣ. Солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад. Ҳамзамон бо ин, ҲХДТ барои рушди минбаъдаи соҳа ҳалли масъалаҳои зеринро зарур мешуморад: - татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо; - баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳои муқарраргардида мутобиқ намудани муассисаҳои соҳа, марҳала ба марҳала аккредитатсия кардани онҳо, ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат, дастгирӣ ва инкишофи тибби хусусӣ, рушди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оилавӣ асосёфта, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим; - тақвият бахшидан ба ислоҳоти соҳа, ворид намудани механизмҳои нави маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузорӣ барои ҳар як ҳолати табобат дар беморхонаҳо, инчунин ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ; - рушди шабакаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тибби фосилавӣ, вусъат бахшидан ба компютерикунонии муассисаҳои тандурустӣ; - дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ муваффақ гардидан ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ; - такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои тиббӣ дар асоси истифодаи таҷҳизот ва технологияҳои тиббии муосир; - амалӣ намудани механизми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин таҳияи стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва барномаи давлатии дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор; - фарогирии кӯдакони маъюб бо барномаҳои солимгардонӣ ва дастрасӣ ба маводи кумакрасон, таҳияи стратегияи рушди саломатии кӯдакону наврасон дар давраи то соли 2020. ДАР САМТИ РУШДИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ рушди илму маориф ва фарҳанги миллиро самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат муайян намуда, пешрафти ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти кишварро бо ин соҳаҳо алоқаманд медонад. ҲХДТ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои мақсадноки роҳбарияти олии мамлакат дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд. ҲХДТ дар бахши сиёсати иҷтимоии худ доир ба рушди илму маориф саъю талош мекунад, ки дастовардҳои илмӣ давра ба давра дар амал татбиқ карда шаванд. Аз ин ҷиҳат, сохторҳои ҳизбӣ ин масъалаи муҳимро дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, зарур мешуморанд, ки на камтар аз сеяки даромади буҷет барои бунёди инфрасохтор, таъмини технологияҳои нав, рушди нерӯи инсонӣ ва истеҳсолии соҳаи илму маориф сафарбар карда шавад. ҲХДТ дар масъалаи тақвият бахшидан ба тарбияи кадрҳои болаёқат, омода намудани заминаҳои моддиву техникии тадқиқоти илмӣ, ҳамкории бахшҳои илму маориф ва пайвастани илму истеҳсолот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва дар амри амалӣ шудани ин ҳадафҳо бевосита саҳмгузорӣ менамояд. Дар меҳвари сиёсати барномавии ҳизб оид ба илму маориф, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар қарор гирифта, ҳамкории доимии олимону устодон бо сохторҳои илмиву таълимии кишварҳои ҷаҳон тавсеа меёбад ва барои истифодаи технологияҳои нав ва дастовардҳои пешқадами илмӣ имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад. Идомаи иқдомҳо барои ҷустуҷӯ ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ дар соҳаи илму маориф низ аз самтҳое мебошад, ки ҲХДТ дар ҷараёни фаъолияти худ онро ҳамеша пайгирӣ мекунад. Дар масъалаи эҳё намудан ва тараққӣ додани фарҳанги миллӣ ҲХДТ, пеш аз ҳама, ба суннати ниёгон ва арзишҳои фарҳангии гузаштагони пурифтихори худ такя мекунад. Дар айни замон, дар асоси принсипҳои таҳаммулгароӣ ва муносибати хайрхоҳона ба андешаҳои фарҳангӣ, ақидаҳои адабиву бадеӣ ва диниву эътиқодии қавму миллатҳои дигар бо эҳтиром муносибат мекунад ва ба онҳо арҷ мегузорад. ҲХДТ таҷрибаи таърихӣ ва дастовардҳои муосири фарҳангҳои дигарро, ки арзишҳои инсондӯстона ва ҷаҳонбинии пешқадами илмиро инъикос мекунанд, дастгирӣ менамояд. Ҳамзамон бо ин, дар бахши фарҳанг ба нашри осори гаронбаҳои гузаштагон, таблиғи симои қаҳрамонону шахсиятҳои барҷастаи миллӣ арҷ гузошта, низоми пойдори ахлоқиву тарбиявии суннатӣ, фалсафаи ирфонии миллӣ ва шинохти воқеъбинонаи орзуву ормонҳои халқро тавсеа мебахшад. Консепсияи ҷашни миллии Наврӯзро ҳамчун арзиши фарҳангӣ эътироф карда, онро бо камоли эҳтиром ҳифз менамояд ва вобаста ба шароити нав зина ба зина такмил медиҳад. ҲХДТ барои рушди эҷоди асарҳои бадеӣ ва ҳунарӣ, таҳияи филму намоишномаҳо талош карда, дар самти дарки дурусти асосҳои диниву эътиқодӣ, дурӣ ҷустан аз ҳаракату равияҳои номатлуб, тарғиби завқи баланди зебоишиносӣ ва инсондӯстӣ дар миёни ҷомеа корҳои таблиғотиро густариш мебахшад. 1. ҲХДТ дар бахши маориф татбиқи чунин ҳадафҳоро қобили қабул медонад: - афзалияти соҳаи илму маориф ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат; - дастрасии таҳсилоти босифат, аз ҷумла таҳсилоти олӣ барои ҳамаи намояндагони гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа; - баланд намудани мақоми кормандони соҳаи илму маориф, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо; - бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ инкишоф додани зинаи таҳсилоти томактабӣ ва азнавсозиву бунёд кардани муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби давлат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, оилавӣ, шахсони эҳсон¬кор, таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмини муассисаҳои мазкур бо маводи таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, дастгирии молиявию методии онҳо ва гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ; - таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла муҷаҳҳаз намудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо технологияҳои муосири таълимӣ; - пурра таҷдид кардани мазмун ва муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва таҳияву таълифи китобҳои дарсии давраи нав, инчунин мутобиқ гардонидани мазмуни онҳо ба Стандарти давлатии таҳсилот, стандартҳои фаннӣ ва синнусолӣ бо риояи арзишҳои ғоявии милливу байналмилалӣ; - таъсис додани марказҳои таълимиву истеҳсолӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонидани устохонаҳои муассисаҳои таълимӣ; - таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ташкили китобхонаҳои электронӣ; - ба роҳ мондани низоми мукаммали такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот; - таҳкими пояҳои моддиву техникии литсейҳо ва коллеҷҳо, таъмини онҳо бо маводи муосири таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, азнавсозии устохонаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва ба коргоҳҳо табдил додани онҳо, ба корфар¬моён вобаста кардани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷониби онҳо бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои зикршуда; - андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъсиси паркҳои технологӣ ва истифодаи онҳо барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таъсиси озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ; - стандартизатсияи давлатии барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ; - тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат омода намудани мутахассисон, таҷдиди назар намудани ихтисосҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва бо ин мақсад таҳия кардани моделҳои гуногуни тарбияи мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат ва хориҷи кишвар; - такмил додани низоми имтиҳони марказонидашудаи қабул тавассути Маркази миллии тестӣ. 2. ҲХДТ дар бахши илм татбиқи чунин ҳадафҳоро қобили қабул медонад: - ҳамоҳанг сохтани фаъолияти академияҳои соҳавӣ бо фаъолияти муассисаҳои Академияи илмҳо, ҷудо кардани маблағ барои фармоиши давлатӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо корхонаҳои азим, вазорату идораҳои соҳавӣ, гузаштан ба фармоиши давлатӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои наву босифат дар истеҳсолот; - таъсиси шабакаи ягонаи иттилоо¬тиву коммуникатсионӣ дар бахши илм ва инноватсия, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмии инноватсионӣ ва ҷудо кардани грантҳои давлатӣ дар ин бахш, ташкили паркҳои технологӣ якҷо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ; - азнавсозии озмоишгоҳҳои институтҳои физика, химия, биология, зилзила-санҷӣ, проблемаҳои об ва экология, таҳқиқи захираҳои табиӣ ва ҷалби олимон ба омӯзиши проблемаҳои глобалии сайёра ва минтақа, пешниҳоди роҳҳои паст кардани таъсири буҳронҳои иқтисодӣ, истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия, аз лиҳози илмӣ дастгирӣ кардани рушди сарватҳои моддӣ ва боғҳои миллии кишвар; - таваҷҷуҳ ба рушди илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ, таҳқиқи илмиву интиқодӣ ва нашри беҳтарин намунаҳои осори гузаштагон, вусъати таҳқиқоти проблемаҳои муосир; - тарғиби ғояҳои пешқадами ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба ифротгароӣ, радикализм ва тамоюлҳои бегонапарастӣ дар ҷомеа; - талқини мероси фарҳангиву миллӣ дар байни мардум, рушди забони давлатӣ ва густариши истифодаи забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм. 3. ҲХДТ дар бахши фарҳанг татбиқи чунин ҳадафҳоро қобили қабул медонад: - таҷдид ва азнавсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии муассисаҳои фарҳангӣ, таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос, такмил додан ва ба сиёсати имрӯзаву муносибатҳои ташаккулёбандаи иҷтимоиву иқтисодӣ мутобиқ гардонидани фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ; - такмили минбаъдаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву молиявӣ ва илмиву методии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг, гузариши тадриҷӣ ба низоми худтаъминкунии иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули муҳити сифатан нави маънавӣ дар ҷомеа, вусъат бахшидан ба нерӯи эҷодии асили миллӣ ва рағбатҳои фарҳангии шаҳрвандон; - таҳкими низоми тарбияи зебоипарастии наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароити баробар барои кашф ва рушди истеъдодҳои нав, баланд бардоштани маданияти насли наврас ва бо мақсади тарбияи фарҳангиву зебоипарастии кӯдакон таъмин намудани пешрафти минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву хизматрасонӣ; - навсозӣ ва рушди низоми миллии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг тавассути такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр ва кадрҳои илмиву педагогӣ дар муассисаҳои ватанӣ ва хориҷи кишвар, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва сатҳи касбияти кормандони педагогиву эҷодии муассисаҳои таълимиву иҷрокунандагии соҳаи мусиқӣ, густариши рақобатпазирӣ ва ҷолибияти инвеститсионии таҳсилоти касбии мусиқӣ ва муассисаҳои консертиву иҷрокунандагӣ, васеъ намудани шабакаи таълимгоҳҳои соҳаи фарҳангу санъат ва таҳкими пояҳои таълимии онҳо; - ба низом даровардани масъалаҳои ҳифз ва истифодаи дурусту мақсадноки мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, тарғиби ҳамаҷонибаи арзишҳои маънавии таърихӣ ва мероси ниёгон, татбиқи асноди қонунгузории миллӣ дар соҳаи фарҳанг, рушд ва оммавигардонии намунаҳои беҳтарини мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, тарғиби дастовардҳои фарҳанги суннатӣ дар дохили кишвар ва ҷаҳон, ворид намудани нодиртарин ёдгориҳо ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, азнавсозии механизмҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, мукаммалгардонии воситаҳои бақайдгирии он, истифодаи шаклҳои гуногуни сабти унсурҳо ва объектҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, таъсиси бахши фарҳангии инфрасохтори сайёҳӣ; - бунёди низоми нави ташкил ва рушди минбаъдаи тамоми шаклҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ, мусоидат ба ташаккули инфрасохтори боэътимод дар ин самт, бунёди шабакаи муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, рушди таҳсилоти бадеӣ ва дастгирии эҷодиёт, таҳияи мониторинги вазъ ва дурнамои ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик; - компютерикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ, автоматикунонии равандҳои китобдорӣ ва иттилоотӣ, ташкили феҳристҳои электронӣ тибқи барномаҳои соҳавӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ; - татбиқи «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», ҳамкорӣ бо ниҳодҳои кор бо муҳоҷирати кишварҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, дастрасии иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва забондонӣ; - ҳифзи анъанаҳои беҳтарини санъати касбии тоҷик ҳамчун сарвати миллӣ ва рушди онҳо, баланд бардоштани нақши санъати касбӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар, дастгирии иқдомҳои эҷодӣ ва ҳамкории фаъолона бо воситаҳои ахбори омма; - мусоидат ба рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, таъмиру таҷдиди объектҳои мероси таърихии ниёгон, ҳифз ва эҳёи мероси маънавию ахлоқии гузаштагон ва ҷонибдорӣ аз асолати фарҳангии мардуми сокини кишвар. ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти ҲХДТ қарор дода мешавад. ҲХДТ минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун ба ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббускор таваҷҷуҳ карда, барои амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи онҳо кӯшиш менамояд ва тавассути намояндагони худ аз тариқи мақоми қонунгузор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия мекунад. ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад. Ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. ҲХДТ якҷо бо Ташкилоти «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар ин замина кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва соҳибкасб ба воя расад. Мубориза бар зидди нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва содир намудани дигар амалҳои номатлуб аз тарафи ҷавонону наврасон мунтазам дар мадди назар боқӣ мемонад. Инчунин омӯзиши илму донишҳои муосир, азхуд намудани технологияҳои инноватсионӣ ба хотири ояндаи устувору пояндаи ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад. ҲХДТ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон татбиқи чораҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморад: - таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; - ҷалби ҳарчи бештари хонандагони болаёқат ба литсейҳо ва мактабҳои махсус барои шогирдони лаёқатманд; - дастрасии ҷавонон ба амалисозии грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ тавассути марказҳои ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои худфаъолият; - таъсиси махзани захираҳои кадрии ҷавонони болаёқат дар назди мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон; - дастгирии барномаҳои тиҷоратии соҳибкорон ва хоҷагидорони ҷавон, аз ҷумла ташкили семинарҳои мунтазами омӯзишӣ барои омодасозии соҳибкорон ва рушди имконоти онҳо дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ; - тавассути амалӣ сохтани грантҳо ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҷавонон вобаста ба ташкили хоҷагиҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ; ҲХДТ варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муҳимми солимии ҷомеа ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва давлативу шахсони воқеӣ бунёди варзишгоҳу майдонҳо ва толорҳои варзиширо тарафдорӣ менамояд. Рушди сайёҳӣ метавонад дар устувории иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим бозад. Аз ин лиҳоз, ҲХДТ дар заминаи барномаҳои марбутаи қабулшуда ва консепсияҳо доир ба рушди сайёҳӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои оянда барои такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти сайёҳӣ андешидани чораҳои мушаххасро қобили қабул мешуморад. Ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҳифзи минтақаҳои сайёҳӣ, ташаккули инфрасохтори хизматрасонӣ ва маҳдуд намудани сохтмони иншооти иловагӣ дар ин минтақаҳо, муҳайё кардани шароит ва имконияти ҳуқуқӣ барои фаъолияти босамари ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷӣ, соддагардонии гирифтани раводид, муаррифии гӯшаҳои таърихиву минтақаҳои истироҳатӣ тавассути шабакаҳои телевизиониву интернет ва дигар усулҳо андешидани тадбирҳои мушаххасро зарур мешуморад. ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ ВА ТАҲКИМИ ОИЛА ҲХДТ дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешида, ба хотири таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари онҳо талош хоҳад кард. ҲХДТ аз ҷумла иҷрои корҳои зеринро дар ин самт зарур мешуморад: - тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ; - фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо; - такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ. ҲХДТ оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ амалӣ намудани чораҳои зеринро зарур меҳисобад: - тақвияти хизматрасонии машваратхонаҳои равоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва тиббӣ бо мақсади расонидани кумакҳои машваратӣ ба оилаҳо; - таҳияи Консепсияи рушди оила бо мақсади нигоҳдорӣ ва пойдории он бо дарназардошти таҳдидҳои раванди ҷаҳонишавӣ; - ҳифзи саломатии модару кӯдак, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ; - тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ. ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил дар он доир ба андешидани тадбирҳои судбахш мусоидат мекунад. ДАР РАВАНДИ ТАТБИҚИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ ҲХДТ тасмим дорад, ки ҷиҳати рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми ҳуқуқии давлатро дар доираи сиёсати ҳуқуқии ягона ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон такмил ва вусъат бахшида, дар ин самт ба иҷрои вазифаҳои зерин мусоидат намояд: - рушди низоми қонунгузории кишварро дар чаҳорчӯби талаботи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вобаста ба манфиати шаҳрвандони мамлакат, арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки ҳадаф ва мақсади аслиашро арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад, таҳким ва такмил бахшида, мазмун, муҳтаво ва мақсади ҳама гуна ислоҳоти ҳуқуқӣ ва раванди қонунгузориро дар кишвар бо эътироф, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон тавъам медонад; - эътироф менамояд, ки асоси ҳама гуна ислоҳоти ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ инсон ва сатҳи тафаккури ҳуқуқии ӯст. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тарғиби муқаррароти бузургтарин маъхази сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар – Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи асосӣ мешуморад; - дар шароити тезу тунди муносибатҳои байналмилалӣ қонунгузорӣ ҳамчун озмоишгоҳи омодасозии фазои ҳуқуқии ҷамъияти оянда таҳти таъсири бевоситаи ҷаҳонишавӣ қарор мегирад. Ҷаҳонишавии манфиатҳо дар баробари ҷанбаи мусбати умумикунонии арзишҳои ҳуқуқӣ ба раванди қонунгузорӣ таъсири манфӣ низ расонида, арзишҳо, фарҳанг ва тафаккури миллиро тадриҷан маҳдуд менамояд. Аз ин хотир, таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо дарназардошти арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ зарур шуморида, мутобиқати онҳоро ба фарҳанги миллӣ ба назар мегирад; - дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеаро ба назар гирифта, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ равона месозад ва дар ҷараёни қабули қонунҳо ба ҳимояи манфиати табақаҳои ниёзманд, нафа¬қа¬хӯрон, маъюбон ва мактаббачагону донишҷӯён аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд; - дар раванди та |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.