Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ришва – падидаи номатлуби ҷомеаи асри XXI

Ришва – падидаи номатлуби ҷомеаи асри XXI

30-09-2015, 15:00
Хабарро хонданд: 545 нафар
Назарҳо: 0
Ришва – падидаи номатлуби ҷомеаи асри XXIИмрӯз дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар мавзӯи Коррупсия - падидаи номатлуб мизи мудаввар доир шуда, ба иқдоми навбатӣ таҳти унвони Амалҳои коррупсиониро маҳкум менамоем оғоз бахшид
Дар мизи мудаввар раисони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳру навоҳӣ, аъзо ва роҳбарони намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан иштирок варзида, дар атрофи паҳлуҳо ва оқибатҳои нохуши падидаи нанговар - коррупсия ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки мубориза, ба вуҷуд овардани муқовимат ва ҳисси оштинопазир бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи аввалиндараҷаи ташкилоти ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба ҳисоб меравад. Дастур дода шуд, ки ташкилоти ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, фаъол гардонидани аҳолӣ дар мубориза бар зидди коррупсия дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи иқдоми Амалҳои коррупсиониро маҳкум менамоем баргузории маҷмӯи чорабиниҳоро ба нақша гирифта, бояд роҳандозӣ намоянд. Чорабиниҳо то 10-уми октябри соли 2015 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома хоҳанд ёфт.
©hamsafon.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: