Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имомхатибон: Ба Сарқонуни Тоҷикистон тағйирот ворида карда шавад

Имомхатибон: Ба Сарқонуни Тоҷикистон тағйирот ворида карда шавад

2-10-2015, 14:30
Хабарро хонданд: 474 нафар
Назарҳо: 0
Имомхатибон: Ба Сарқонуни Тоҷикистон тағйирот ворида карда шавад2-юми октябр, гурӯҳе аз имомхатибони пойтахт пеш аз намози ҷумъа пешниҳод карданд, ки ба сарқонуни Тоҷикистон тағйирот ворида карда шавад.
Ба гуфтаи имомхатибон тибқи тағйироти ҷадид бояд фаъолияти ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии динӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шаванд.
Имомхатибони мазкур, ин пешниҳоди худро баъд аз қироати ҳукми Суди олии Тоҷикистон аз 29-уми сентябр дар бораи мамнуъ эълон кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар ироа карданд.
Суди Олӣ фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро дар Тоҷикистон манъ кард ва онро ба қатори созмону ҳаракатҳои террористӣ ворид намуда буд.
Бо Қарори Суди Олӣ аз 29-уми сентябр ҳафтаномаи “Наҷот” ва сомонаи ин ҳизб низ қатъ карда шуда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои марбут ба ин ҳизб ҷиноят маҳсуб меёбад.
Дар Қарори Суди Олии Тоҷикистон омадааст, ки бархе аз аъзоёни ҳизб дар солҳои охир муртакиб ба ҷинояте шудаанд, ки хусусияти террористию экстремистӣ дорад. Инчунин, ба он муттаҳам шудаанд, ки “бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват бармеангезанд ва ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд”.
Суди Олии Тоҷикистон ин ҳукми худро дар пайи аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир карда буд.
Бар асоси ин ҳукми Суди олӣ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф шуда, фаъолияти ҳизб қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(наҳзат.тҷ), ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд”.
Имомхатибони пойтахт ин хутбаи қабл аз намози ҷумъагии худро бо нидои “нест бод Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “нест бод душмани халқи тоҷик” ба анҷом расониданд.
Copyright @2015 TojNews
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: