Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолият ва ҳамдилӣ

Истиқлолият ва ҳамдилӣ

29-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 394 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият ва ҳамдилӣ


Дар Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич сокинони бунёдгару ташаббускори ин диёри зебоманзар баҳри сарбаландона пешвоз гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиро беш аз пеш тақвият дода, тариқи ҳашари умумӣ ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияву соҳибкорону шахсони саховатпеша иқдомҳои таъмиру сохтмониро идома дода истодаанд.

Яке аз чунин иқдомҳои наҷибу созанда ин таъмири пуле, ки пайвандгари деҳаҳои Росровут, Метк ва Дашти Хишекат бо дигар деҳаҳо ва Ҷамоати деҳоти Росровут буда, бо сарварии Раиси Ҷамоат Раҳмон Шарипов амалӣ гардида истодааст. Дар мавзеъи пули таъмирёбанда корҳои васлу насбкунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ бо ёрии техникаҳои ҳозиразамони сохтмонӣ дар авҷ буда, сокинони деҳаҳои зикршуда бо эҳсоси баланди ватандўстиву якдилӣ дастаҷамъона дар таъмири пул тариқи ҳашар иштирок доранд. Модарони ғамхору мушфиқ бошанд ҳамарўза барои сохтмончиён – фарзандони ватандўсту ба ору номуси худ се маҳал хўроки гарм омода ва дастрас карда истодаанд.

Истиқлолият ва ҳамдилӣ


Чи тавре, ки яке аз иштирокчиёни ин маъракаи бунёдкорона Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии КИ ҲХДТ дар н.Деваштич ва хоҷагии деҳқонии «Н.Назаров» Зоид Расулов зикр намуд, «тамоми ин иқдом ва ташаббусҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Росровут нишон аз дастгирии сиёсати созанда ва дастуру нишондодҳои ҳадафмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, туҳфаест бахшида ба ҷашни бузурги миллат».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: