Амали хайр18-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 842 нафар
Назарҳо: 0
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич аз сабаби сол ба сол зиёд шудани хонандагони муассисаи таълимӣ бунёди мактаби нав дар деҳа оғоз шудааст. Аз ҷониби шахсони саховатманд ва тариқи ҳашари аҳолии деҳ кор дар майдони сохтмон бо маром идома дорад. Мактаби мазкур иборат аз 10 синфхона буда, барои 260 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Гуруҳи фаъолзанони ноҳия бо сарварии мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси гуруҳи вакилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия Зебӣ Азимова ва муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия Уғулой Ҳошимова барои дидорбинӣ аз рафти корҳои иҷрошудаистода ба деҳаи Истиқлол омаданд. Худи ҳамон рӯз то бегоҳ барои коргарони сохтмон кӯмак расонида, баҳри мардуми бунёдкору меҳнатдӯст хӯроку таомҳо омода карданд. З.Азимова ва Ӯ.Ҳошимова бо сокинони деҳа ва сохтмончиён сӯҳбат намуда, барои ибтикори созандаашон миннатдорӣ баён намуданд ва бобати ободкорию бунёдкориҳо, ки таҳти дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодаанд ҳарф заданд. Дар давоми сӯҳбат қайд гардид, ки мардуми шарафманду меҳнатдӯсти мо аз даврони қадим баҳри рушди ҷомеа кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ин то имрӯз идома ёфта самараи худро дода истодааст.
Дар охир санъаткорон барои сокинони деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун ва коргарони сохтмон таронаю сурудҳо қироат карда, таъби ҳамагонро бо санъати волои худ болида сохтанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.