Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти озмуни «Хонаи намунавӣ» дар н.Деваштич

Ҷамъбасти озмуни «Хонаи намунавӣ» дар н.Деваштич

15-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти озмуни «Хонаи намунавӣ» дар н.Деваштич
Бахшида ба тантанавор ҷашн гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдомҳои чун ҳамешагӣ созандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич боз як қисмати озмуни умумиҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид, ки он ҳам бошад озмуни «Хонаи намунавӣ» буд.
Ҷамъбасти озмуни «Хонаи намунавӣ» дар н.Деваштич
Аз байни даҳҳо хонаҳои ноҳия ҳакамони салоҳиятдор хонаи собиқадори меҳнат Фотима Холоваро ҳамчун «Хонаи беҳтарин» баҳогузорӣ намуданд, ки ба ин мақом лоиқ донистан аҳли сокинони деҳаи Росровут низ хоҳиш доштанд.

Фотима Холова зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич буда, соҳиби 8 фарзандони солеҳ ва 33 набераи накӯ мебошанд. Дар хонаи мазкур 4 келини холаи Фотима бо шуғли ҳунураҳои миллӣ, яъне дӯзандагию бофандагӣ машғул буда, дар баробари ин дар тозаву озода ва гулгунии хонаи хеш машғуланд. Инчунин дар як гӯшаи хонаи мазкур, ки ҳам бо тарҳи анъанавии миллию ҳам бо тарҳи аврупоӣ қомат афрохтааст, осорхонае таъсис дода шудааст, ки дар он қариб тамоми ашёву лавозимот, ҷиҳозу китобҳо ва дастовардҳои аҷдодони хонаи мазкур ҷойгиранд…
Ҷамъбасти озмуни «Хонаи намунавӣ» дар н.Деваштич
Мавриди зикр аст, ки шавҳари марҳуми Фотима Холова – Исҳоқ Холов дар деҳаи Росровут то дами вопасин шуғли хаткашониро дошта хизмати халқро ба ҷой меовард ва барояш дар масҷиди деҳа гӯшаи хурдакаке барои корҳои почталйони ҷудо гардида буд. Аввали солҳои 90-уми асри гузашта, бино ба сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ як гуруҳ ҷоҳилони хурофотӣ ин марди дар хизмати халқбударо аз гӯшаи кории худ ронда буданд… Ин марди бузурги аламдида дар вопасин дами ҳаёташ ба писаронаш васият карда буд, ки «Чунин иморате созед, ки аз масҷид баланд бошаду дар хизмати халқ бошад»…
Ҷамъбасти озмуни «Хонаи намунавӣ» дар н.Деваштич
Васияти падарро писарон ба ҷой оварданд ва солҳои 2000-ум дар шафати масҷиди деҳа биное, қомат афрохт, ки бо охирин моделҳои таҷҳизоти телефонию телеграфӣ муҷҷаҳҳаз буда, нуқтаҳои хизматрасонӣ барои сокинони деҳа ташкил гардида буд. Ниёз Холов, яке аз писарони Бобои Исҳоқи зиндаёд, бинобар рӯзҳои серкориву фаъолияти соҳибкориаш, ки дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд мегузаранд, ҳар ҳафтаи рӯзи якшанбе кори падари бузургворашро идома дода, шахсан тамоми нашрияву маҷаллаҳои муштариёни деҳаи Росровутро аз маркази ноҳия қабул намуда, ба нуқтаи хизматрасонии деҳаи Росровут, барои ба муштариён дастрас намудан бурда мерасонад.

Чунин тарбияи нек, ки барои бунёдкориву ободӣ ва дар хизмати халқ будан нигаронида буд – имрӯз яке аз самараҳои худро дод ва хонаи Фотима Холова ҳамчун «Хонаи намунавӣ» дар ноҳия эътироф гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: