Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бунёдкорӣ шиори мост

Бунёдкорӣ шиори мост

25-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 616 нафар
Назарҳо: 0
Бунёдкорӣ шиори мостҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳар як аъзои бонангу номуси он баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ, ки дар Барномаи пешазинтихоботии худ таҳким бахшида, самтҳои асосии фаъолияти худро барои солҳои 2015-2020-ум муқаррар намуда буд, таҳти шиори «Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» кору фаъолият дошта, дар пиёдасозии ташаббус ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ғайрату малакаи худро равона сохта истодаанд. Чи тавре, ки Пешвои миллат дар тамоми мулоқоту суханрониҳояшон мардуми тоҷикистониро созандаву бунёдкор ном мегиранд, инҷо мавридест, ки аз чунин як суханрониҳояшон иқтибосе оварем: «Мардуми куҳанбунёду сарбаланди тоҷик табиатан ва таърихан миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву бунёдкор, заҳматпешаву ободгар мебошанд ва анъанаи хубе доранд, ки ҳар як сана ва ҷашни милливу давлатиро бо дастовези арзанда ва руҳияи баланди идона истиқбол намоянд».

Бунёдкорӣ шиори мостМаҳз аз ин ҷост, ки сиёсати таъмини рушди босуботи давлату Ҳукумат ва ҳидоятҳои Сарвари давлатро ҳизбиёну сокинони ноҳияи Деваштич ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бахшида ба ҷашни фархундаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, алалхусус дар соҳаи маорифу тандурустӣ, роҳу нақлиёт ва саноату иқтисодиёт бо эҳсоси баланди худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва бо руйовариву арҷ гузоштан ба анъанаҳои беҳтарини ниёгонамон корҳои бунёдкориву созандаро идома дода истодаанд. Дар қатори бунёди даҳҳо синфхонаю муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, инчунин таъмиру тармими садҳо дигар иншоотҳои асосиву ёрирасонро ба сомон расонида, даҳҳо километр роҳро таъмиру ҳамвор намуда истодаанд, ки ин ҳамагӣ баёни ду ё се намуд аз чунин корҳои бунёдгузорона баҳри сазовор истиқбол намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад…

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми сокинони диёр ва кишвари зебоманзарамон, хусусан барои ҳамсафони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин дастоварди бузурги таърихӣ буда, ҷомаи амал пӯшидани орзую ормонҳои садсолаҳои халқу миллати тоҷик мебошад. Аз ин ҷост, ки ҳар насли наврасу ҷавон дар пояндагиву рушду такомули он ҳиссаи арзандаи худро гузошта, хизматҳои созандаву бунёдгузоронаи абармардони Ватанро баҳри гул-гуклшукуфии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол қадру эҳтиром намояд ва насли таҳкимбахши манфиатҳои милливу давлатӣ бошад.

Бунёдкорӣ шиори мостДар ноҳияи Деваштич низ баҳри сипосмандӣ ва қадршиносии хизматҳои беназири кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятиву амнияти кишвар, бинои нави ёрирасон барои афсарону кормандони ин мақомот сохта шуда истодааст, ки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Деваштич ва НТҶҶ «Созандагони Ватан» барои шиносоӣ пайдо намудан аз рафти корҳои сохтмонӣ субҳи имрӯз дидан намуданд. Маврид ба зикр аст, ки соли 2015 корҳои ободонию муҷаҳҳазгардонӣ ва таъмири бинои асосии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ҳиссагузориҳои ҳайати шахсӣ ба роҳ монда шуда, маркази ноҳия симои тозае ба худ касб намуда буд. Соли ҷорӣ бошад, бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави ёрирасон оғоз гардида, дар чунин кори неки бунёдкорона саҳми соҳибкорони саховатпешаву қадршиноси ноҳия низ дар баробари дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳиссагузориҳои ҳайати шахсӣ назаррас аст. Зеро бино бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида истода, он иборат мебошад аз як долони барҳаво, ҳаммом, як хонаи истироҳатӣ бо тамоми таҷҳизотҳои фароғатӣ, аз як ошхонаву хонаи хӯрокхӯрӣ ва як хобгоҳ барои 20 нафар кормандони мақомоти мазкур. Ногуфта намонад, ки ҳар як корманди масъули Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии Сарвари мақомот Маҳмадсафар Пирзода дар иҷрои вазифаҳояшон масъулиятшинос ва нисбати худ серталаб буда, бо эҳсоси баланди таъмини тартиботу амнияти диёру кишвар барои халқу Ватан адои хизмат намуда истодаанд. Маҳз кордонию сермаҳсулии онҳо, ҳамкориашон бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва аҳли ҷамоатчигӣ, инчунин дар байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудани корҳои фаҳмондадиҳиву профилактикӣ ба шӯъбаи мазкур имконият дод, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия сол ба сол паст гардида, сатҳи кушодашавии онҳо сад фоизро ташкил диҳад ва фазои ноҳия орому осуда буда, ҳар як сокин ва меҳмони ноҳияи Деваштич бо руҳияи болидаву хотири ҷамъ дар кӯчаву хиёбонҳо сайругашт дорад.

Пас имрӯз моро месазад, ки хизматҳои чунин фарзандони халқу Ватанро қадр намуда, баҳри фароғати онҳо низ ҳиссае гузорем ва дар кори пуршарафи онҳо дасти ҳамкорӣ дароз намоем.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Деваштич
Бунёдкорӣ шиори мост
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: