Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти озмуни «Деҳаи намунавӣ» дар н.Деваштич

Ҷамъбасти озмуни «Деҳаи намунавӣ» дар н.Деваштич

15-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти озмуни «Деҳаи намунавӣ» дар н.Деваштич
Тибқи дастуру нишондодҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор таҷлил намудани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич озмуни «Деҳаи намунавӣ» ҷамъбаст гардид.

Байни даҳҳо деҳоти ноҳия деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун ҳамчун «Деҳаи беҳтарин» эътироф гардид. Деҳаи Истиқлол беҳуда ҳамчун «Деҳаи намунавӣ» эътироф нашудааст, зеро пас аз ташрифи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимии №20 дар соли 2009, сокинони деҳаи мазкур бо ғайрату талоши афзун дар ободиву шукуфоии деҳаи бофайзашон камари ҳиммат баста буданд.
Ҷамъбасти озмуни «Деҳаи намунавӣ» дар н.Деваштич
Тариқи ҳашари халқӣ дар ин деҳа як маркази саломатӣ, роҳи Муҷун-Чорбоғ, чойхонаву дорухонаҳо ва марказҳои савдо сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин сохтмони боз як бинои мактаби нав иборат аз 9 синфхона барои 240 нафар сохта шуда истодааст. Дар баробари идомаи анъанаҳои неки аҷдодон дар ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ, аҳли диёри Истиқлол боз бо он номвар аст, ки тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии наврасону ҷавонон дар ин ҷо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ҳамасола нақшаи даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро мегардад.
Ҷамъбасти озмуни «Деҳаи намунавӣ» дар н.Деваштич
Ин аст, ки деҳаи Истиқлол байни 55 деҳаҳои ноҳия ҷойи намунавиро ишғол намуда, дар чорабинии тантанавии ҷамъбастӣ тамоми сокинони деҳа бо намоиши ҳунарҳои миллӣ аз қабили сӯзанидӯзию қолинбофӣ, юрмадӯзию тарроҳӣ, кандакорию наққошӣ бори дигар ба аҳли иштирокчиён исбот намуданд, ки арзандаи ин мақом буда, ҷонибдору амаликунандаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Шеъру тарона ва сурудҳои халқӣ, ки Ватани озоду обод, зиндагии осудаю хуррамонаро тараннум мекард, бори дигар гувоҳи онанд, ки бошандагони ин деҳа аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва аз иқдомҳои бунёдкоронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: