ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО24-08-2016, 10:20
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия Муриватшо Маликшоевро, ки дар Ватан бо сафари корӣ қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ М. Хидирзода ва М. Маликшоев оид ба имконияту захира ва беҳтар гардонидани ҳамкориҳои минбаъда изҳори ақида ва пешниҳодҳояшонро баён намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, ки дар ин вохӯрӣ иштирок дошт, аз сафари қаблии кориаш ба вилояти Иркутск, вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ, роҳбарияти ҷамъияти тоҷикон ва гуфтушунидҳо бо раиси Ҳизби «Единая Россия»-и вилояти Иркутск, раиси Маҷлиси қонунгузори вилояти Иркутск Брилка С. Ф. ва раиси шаҳри Ангарски ҳамин вилоят ёдовар гардида, иброз намуд, ки баҳри раванди густариши ҳамкориҳои судманду дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷониби ҲХДТ заминаҳо гузошта шуда, дар ин самт имокниятҳо мавҷуд мебошанд. А. Ализода аз ҷумла қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ, бо мақсади дастгирии ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷиронӣ меҳнатии шаҳри Ангарски вилояти Иркутск, баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди Наврӯзи байналмилалӣ ва ба дигар халқу миллатҳо муаррифӣ намудани тоҷикон, зиёда аз 90 номгӯи туҳфаҳои наврӯзӣ фиристода буд. А. Ализода омодагии ҳамешагии ҳизбиёни вилояти Хатлонро баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуд. Дар ин вохӯрӣ Муриватшо Маликшоевро сардори Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маҳмуд Хоркашев ҳамроҳӣ намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.