Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гуруҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон ба кор шуруъ намуд

Гуруҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон ба кор шуруъ намуд

29-09-2015, 12:30
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Гуруҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон ба кор шуруъ намудГуруҳи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Муовини раиси ҳизб Латифзода Асрор Қурбон, дар вилояти Хатлон ба кор шуруъ намуд.
Асрор Латифзода баъд аз ташриф ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон корро нахуст аз мулоқот бо узви Раёсати КИ ҲХДТ дар в. Хутлон ва намояндагони минтақавии он оғоз намуд.
Сухани ифтитоҳиро, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ оғоз намуда, оид ба омодагиҳо ба Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва вазифаҳои навбатии ҳизб маълумот дод.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода оид ба дастовардҳои ҳизбиёни вилоят, рафти амалӣ гардидани қарорҳои Анҷумани Х11 ҲХДТ, қарорҳои КИМ ҲХДТ ва Оинномаи ҳизб маълумот дода, изҳори боварӣ кард, ки ҳизбиёни вилояти Хатлон, минбаъд низ пешсафиро аз даст нахоҳанд дод. Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А.Ализода иштирок дошт.
Баъд аз мулоқот бо раиси вилоят А.Латифзода якҷоя бо А.Ализода, бо фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд ва ташкилотҳои ибтидоии он шинос шуданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: