Гуруҳи корӣ аз сафар баргашт1-09-2015, 12:00
Хабарро хонданд: 459 нафар
Назарҳо: 0
![]() Зимни ин сафар намояндагони ҲХДТ, ки ба он, аз ҷумла, аз вилояти Хатлон Назаров Х., ректори Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон ва Ҳалимов М., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шомил буданд, бо роҳбарияти вилоятҳои Ленинград ва Ивановои Федератсияи Россия, роҳбарони минтақавии ҳизби сиёсии умумироссиягии «Единая Россия», роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони муваққатии меҳнатӣ мулоқот ва суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Дар вохӯриҳо бо тоҷикони бурунмарзӣ аз дастовардҳои даврони истиқлолият, созандагиву бунёдкорӣ, рушди истеҳсолот, осудагиву оромии кишвар, раванди амалӣ гардидани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳалли мушкилоти буду боши тоҷикон дар Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои мубрами вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ гуфтугуҳои судманду ошкоро гузаронида, ба Ватан баргаштанд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон ![]() ![]() |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.