Иттилоия22-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар маҷлис фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баррасӣ гардида, аз кори Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ карда шуд. Маҷлиси ҷамъбастӣ таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода гузашта, мутобиқи рӯзномаи тасдиқгардидаи маҷлис А.Ализода «Оиди фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои нимсолаи аввали соли 2016» ҳисобот доданд. Баъд аз баррасии масъалаҳои ба рӯзномаи маҷлис воридкардашуда Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А. Ализода аз раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пурсиш ба амал оварда, диққати иштирокдоронро ба камбудиҳои ҷойдошта ҷалб намуданд. Пас аз вазифагузориҳо оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар кори маҷлис муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар ва роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов иштирок ва баромад намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.