Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ташрифи раиси Чамъияти тоҷикони вилояти Иркутск ба вилояти Хатлон

Ташрифи раиси Чамъияти тоҷикони вилояти Иркутск ба вилояти Хатлон

9-11-2015, 10:33
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Ташрифи раиси Чамъияти тоҷикони вилояти Иркутск ба вилояти Хатлон

Субҳи 9 ноябри соли равон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия Муриватшо Маликшоев ва мудири шуъбаи фарҳанги миллии тоҷикон дар шаҳри Ангарски вилояти Иркутск Абдураҳмон Шариповро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоти расмӣ Аҳмадҷон Ализода фаъолияти Ҷамъияти тоҷиконро дар вилояти Иркутск, саҳми онҳоро дар ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҳамватанонамон ва тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон баланд арзёбӣ намуд.
Сипас меҳмонон бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд, Қӯрғонтеппаву ноҳияи Бохтар мулоқоти хотирмон доир намуданд. Муриватшо Маликшоев иштирокдоронро бо кору фаъолияти Ҷамъияти тоҷикон ва муҳоҷирони муаққатии меҳнатӣ дар вилояти Иркутск шинос намуда, барои чунин мулоқоти судманд изҳори қаноатмандӣ намуд.
Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба раиси Чамъияти тоҷикони вилояти Иркутск Муриватшо Маликшоев барои хизматҳои арзандаашон Сипоснома ва туҳфҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Меҳмонон зимни ин сафари худ бо фаъолияти Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳиоҳанчиён»"-и ноҳияи Бохтар ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд ошно гардида, бо кормандони масъули онҳо мулоқоти судбахш доир намуданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон

Ташрифи раиси Чамъияти тоҷикони вилояти Иркутск ба вилояти Хатлон

Ташрифи раиси Чамъияти тоҷикони вилояти Иркутск ба вилояти Хатлон

Ташрифи раиси Чамъияти тоҷикони вилояти Иркутск ба вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: