Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таваҷҷуҳ ва дастгирӣ

Таваҷҷуҳ ва дастгирӣ

12-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 778 нафар
Назарҳо: 0
Таваҷҷуҳ ва дастгирӣКумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи раванди амалигардонии Аксияи ҳизбии «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд», дар Рӯзи маъюбон, дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа амали хайру савобро анҷом дод.

Иқдоми имрӯзаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қисмате аз ин барнома, ки бо дастуру супориши Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, тавассути ин абармарди қавлу амал мардуми Тоҷикистони азиз орому осуда, дар фазои сулҳу ваҳдат кору фаъолият намуда истодаанд. Дар Ватани маҳбуби мо ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба Раиси Ҷамъияти маъюбони вилоят Абдусамад Бобоҷонов ва маъюбони дар ин чорабинӣ иштирокдошта муроҷиат намуда, иброз дошт, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ниёзмандон аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мебошад.

Дар фароварди суханронӣ А.Ализода ба 30 нафар маъюбон туҳфа ва кӯмакҳои молиявии ҳизбиёнро тақдим намуд.
Таваҷҷуҳ ва дастгирӣ
Ин иқдоми инсондӯстонаро ҷамъомадагон хуш пазируфта, Раиси Ҷамъияти маъюбон А.Бобоҷонов аз номи маъюбон ин амали неки ҳизбиёнро баланд арзёбӣ намуд ва ҲХДТ-ро Ҳизби созандаву бунёдкор ва ғамхори халқ номида, ҳамчун рамзи арзу сипосу миннатдорӣ аз номи Ҷамъият ба А.Ализода барои кӯмаку дастгирии доимӣ Сипосномаи Ҷамъиятро тақдим намуд.
Таваҷҷуҳ ва дастгирӣ
Дар рафти баргузории ин чорабинӣ маъюбон низ маҳсули меҳнати дасти худро нишон доданд. Аз ҷумла, Норбӣ Исматова ва Ҳалима Умарова таъкид намуданд, ки бо касбу ҳунарашон ба ҷамъият фоида мерасонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: