Кӯмак ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод7-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод як миқдор маводи хурокворӣ аз қабили орд, равған, гӯшт, макарон, шакар, либос ва молҳои варзишӣ ба монандӣ шоҳмот, тӯб, бадминтон, як адад мошини ҷомашӯӣ ва як адад яхдон дар арафи иди рамазон тақдим намуданд.
Намояндагони вазорат дар назди истиқоматкунандагони мактаб –интернат баромад намуда, онҳоро аз номи Ҳукумат ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаро расидани Иди фитр табрик намуданд. Ҳамчунин қайд карданд, ки иҷрои амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон чун ҳамешагӣ дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Имрӯз дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод 208 нафар толибилмон таблиму тарбия мегиранд. Дар мактаб-интернат тамоми шароитҳо барои зиндагӣ ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Дар назди меҳмонон таълимгирандагони мактаб-интернат, барои ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миннатдорӣ баён намуда, дар радифи чунин ғамхориҳо онҳо иброз намуданд, ки бо тартибу интизоми намунавӣ ва бо донишу хубу аъло таҳсил намуда, ба халқу ватани худ содиқона хизмат менамоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.