Мактаб – даргоҳи маърифат1-09-2015, 11:00
Хабарро хонданд: 369 нафар
Назарҳо: 0
Бо иштироки аъзоёни Кумитаи иҷроияи ноҳия, ТҶҶ «Созандагони Ватан», комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва фаъолони ҳизб бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон мулоқоту вохӯрӣ, чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ доир карда шуда, рафти иҷрои онҳо ба воситаи ахбори омма ва сомонаҳои ҳизбӣ инъикос гардиданд. Инчунин дар Рӯзи Дониш бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ноҳия, раиси ноҳия Амиршозода Т., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Г., мудири шуъбаи маориф Раҳимов С. ва фаъолони ҳизб дар мактаб-интернати ноҳия бо фарогирии 220 нафар хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон чорабинии «Мактаб – даргоҳи маърифат» баргузор карда шуда, 10 нафар хонандагони аълохони дабистон аз номи Кумитаи иҷроияи ҳизб бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз номи раиси ноҳия ба мактаб-интернат 20 адад қолинҳои гуногун тақдим гардида, чунин иқдомҳои нек дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.