Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Омӯзиши лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

4-03-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Омӯзиши лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи ҷадвали баргузор намудани вохӯриҳои вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, ҷиҳати фаҳмондадиҳии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №3 Баҳром Абдуалимовро бо сокинону фаъолони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур ташкил карданд. Дар ин вохӯрӣ кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати умумиҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова ва Насиба Содиқова иштирок намуданд.

Баҳром Абдуалимов дар суханронии худ қайд намуд, ки Конститутсия қонуни асосии давлат буда, муайянкунандаи асосҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад. Рушди устувору босуботи ҷомеаи муосир ба такмили меъёрҳои Конститутсия ниёз дорад. Дар навбати худ такмили меъёрҳои конститутсионӣ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда такмил дода шавад. Дар натиҷа барои рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам меояд ва барои рушди мунтазами ҷомеа, шароити хуби зиндагии аҳолӣ, тартиботи ҷамъиятии устувор ва пойдории сулҳу ваҳдат мусоидат мекунад.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати умумиҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова оиди Паёми имсолаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада хотирнишон намуд, ки Паём дастурамали самтҳои фаъолияти давлатӣ мебошад. Дар он аз нишондодҳои соли сипаришуда натиҷагирӣ шуда, барои соли ҷадид мақсадгузорӣ карда мешавад ва ҳар яки мо бояд дар пайи амалӣ намудани он саҳми сазовор дошта бошем. Бо ин роҳ метавонем ба қуллаҳои баланди зиндагии шоиста, давлати ободу зебо ва сулҳи пойдор бирасем.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати умумиҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Насиба Содиқова бошад ҳамчунин дар давоми шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки бо мақсади ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат кардан ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйироту иловаҳо пешниҳод шудаанд. Ҳамчунин бояд қайд кунем, ки аз нигоҳи коршиносони байналмилалӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарин дар ҷаҳон эътироф шудааст.

Дар фарҷоми ин ҷаласаҳо сокинон доир ба масоили таъмири роҳ, оби нӯшокӣ, вазъи таълиму тарбия дар мактаб, сохта ба истифода додани маркази хизматрасонии интернетӣ, кушодани сехҳои қаннодӣ ва дӯзандагӣ дар маҳаллаҳо ва дигар масъалаҳои ҷамъиятӣ бо вакилон суолу ҷавоб намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: