Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пояндаву ҷовидон бод сулҳу суботи тоҷик

Пояндаву ҷовидон бод сулҳу суботи тоҷик

23-02-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Пояндаву ҷовидон бод сулҳу суботи тоҷикБо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар мактаб-интернатӣ мақомоти иҷроияи вилоят, воқеъ дар шаҳри Бӯстон соати сиёсӣ баргузор гардид. Муовини директори муассиса Султонова М. чорабиниро оғоз карда иброз дошт, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар бахусус ба намояндагони соҳаи маориф дурнамои ояндасоз дар тарбияи насли наврас мебошад. Таъкид гардид, ки ин ҳуҷҷат дастури рӯйимизии кормандон муассиса қарор гирифта, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои дурандешонаи Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи меҳнатӣ саъю кӯшиши худро равона карда истодааст.

Корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов зимни баромади худ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҷиддан таъкид намуданд, ки ба тарбияи наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, бар зидди падидаҳои номатлуб бояд муборизаи беамон бурд. Қайд карда шуд, ки муҳаббат ба Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷгузори ба таъриху тамаддуни миллат бояд дар кӯдакон аз синни хурдсолӣ тарбия карда шаванд. Зеро агар одамон эҳсоси ватандӯстӣ надошта бошанд, аз зебоии хонаи худ, кишвари худ, Ватани маҳбуби худ ҳаловат бурда наметавонанд. Дар рафти сухан оиди пешгирии шамилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои тафриқаангез, террористиву экстремистӣ, ғояҳои ватанпарваронаи Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон ибрози андеша карда шуд.

Аз номи иштирокчиён омӯзгори муассиса Ахмедова И. ба сухан баромада, таъкид кард, ки имрӯз кулли сокинон шукрона аз Истиқлолият, аз тинҷиву амони замон ва шукронаи Пешвои хирадманду дурандешро мекунем, ки бо заковату сиёсатмадории хеш роҳи мардумро мунаввар карда истодааст. Ва дар навбати худ ҷавобан ба ғамхориҳои софдилонаи давлату ҳукумат ҳамагон баҳри пояндаву ҷовидон мондани сулҳу субот камари ҳиммат хоҳанд баст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: