Ваҳдат – ҳадяи таърих ва тақдир аст10-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 19- солагии Ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо иштироки аъзоёни ситодҳои доимоамалкунанда, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст. Чунин як вохӯрии судманд дар маҳаллаҳои Даштобод ва Парчасойи ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат ва раиси комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидова Гулрухсор доир гардид. Дар вохӯриҳо атрофи пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарғибу ташфиқи фарҳанги бегона, шомилшавии занону ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни занону ҷавонон, расидан ба қадри сулҳу суботи кишвар ва баргузории корҳои ободонию созандагӣ дар маҳаллаҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ андешаронӣ карда мешавад. Чунин вохӯриҳои судманд дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ то Рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ доир хоҳад гардид. Воқеан дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонату шарофату рисолати ин миллату давлатро бишканад, зеро рoҳи мо роҳи Ваҳдат, Садоқат ва Муҳаббат ба ин Ватану миллат аст. Боқӣ Ваҳдат хуҷаставу поянда бод! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


