Ҳамоишҳои судманд4-09-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 650 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади таблиғи дастовардҳои даврони истиқлолият ва муаррифии ҲХДТ, бо иштироки васеи фаъолони ҳизб, вакилони мардумӣ, аъзоёни Кумитаи иҷроия, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», фаъолзанон «Рӯзҳои ҲХДТ» баргузор карда шуд.
Дар асоси нақшаи тасдиқшуда рӯзи 4 сентябри соли 2015 дар майдони марказии ноҳия бо иштироки 1050 нафар ҷавонон, занон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёну кормандони соҳаҳои гуногун ва аҳолии маркази ноҳия чорабинии «Рӯзҳои ҲХДТ» доир карда шуда, оиди мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа, «Соли оила» эълон шудани соли 2015, ҷавонон зидди терроризм ва ҷашни истиқлолият раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Г.Раҷабова, узви ТҶҶ «Созандагони Ватан» С. Саидов баромад намуда, аз ҷониби ҷавонони ноҳия оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ муроҷиатнома қабул карда шуд. Чунин чорбиниҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома доранд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.