Мулоқотҳои судманд14-11-2015, 16:03
Хабарро хонданд: 424 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади баланд бардоштани мавқеи ҳизб дар ҷомеа, амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ бо омӯзгорони муассисаи таълимии №7-и ҷамоати деҳоти ба номи Ш.Шоҳин мулоқот доир карда шуд. Дар мулоқот аъзоёни гуруҳи таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ»-и назди Кумитаи иҷроия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Г.Раҷабова, ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия С.Кабутов, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ш.Разоқова, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия А.Зарифов, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоти деҳоти ба номи Ш.Шоҳин Т.Ҳасанов, муовини раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ш.Шоҳин Г.Шарифова иштирок ва баромад намуданд.
Дар ин рӯз зиёда аз 45 нафар занону ҷавонони ҳудуди ҷамоат ба сафи ҲХДТ қабул карда шуда, чунин корҳои таблиғотӣ дар дигар ҷамоатҳо низ идома дорад. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.