Таблиғот тавассути созандагию бунёдкорӣ18-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дастраси ташкилоту муассисаҳо, кумитаҳои маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гардонид. Ҳамарӯза дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ таблиғу ташвиқот бурда мешавад.
Аҳолии шаҳраку деҳоти ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо мунтазам ба ҳашарҳои умумӣ баромада, дар назди ташкилоту идораҳо ва назди хонаҳои худ кор мекунанд, новобаста аз эълон шудани ҳар рӯзи шанбе ҳашарҳои умумӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва ҳудуди ноҳия корҳои тозагию профилактикӣ ҳамарӯза идома дорад. Дар ин раванд ҳафтаи сипаригашта ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии маҳаллаҳо тибқи супориш дар назди ташкилоту муассисаҳо ва назди хонаҳояшон тозакунии гирду атрофро гузарониданд. Ҳамзамон раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилотҳои ҳизбии муассисаҳо дар якҷоягӣ бо раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ҷамъомадҳо ташкил намуда, оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотиро бурда истодаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.