Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд

Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд

Сегодня, 14:38
Хабарро хонданд: 5 нафар
Назарҳо: 0
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд30 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Иброз шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои рушди устувор, таҳкими сармояи инсонӣ, саноатикунонӣ, иқтисоди рақамӣ, иқтисоди «сабз» ва дигар соҳаҳои афзалиятнок пайваста густариш меёбад.

Гуфта шуд, ки Барномаи ҳамкории «Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор барои солҳои 2023–2026» ба афзалияти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2026 — 2030» ва Ҳадафҳои рушди устувор ҳамоҳанг буда, ҳамчун воситаи муҳими татбиқи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат хизмат менамояд.

Дар доираи ҷаласа вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳамраисони Шурои ҳамоҳангсозии рушд, аз ҷумла ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвати Рамасвами, роҳбари ҳамкорӣ аз Иттиҳоди Аврупо Исабел Уриз Эрнандес ва роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ҳолгер Вифел баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти механизмҳои иртибот ва ҳамоҳангсозӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шарикони рушд, аз ҷумла дар доираи фаъолияти Шурои миллии рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода изҳор намуд, ки татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ҷалби ҳамаҷонибаи шарикони рушд ва равонасозии захираҳои иловагии молиявию техникӣ ҳамчун омили калидии таъмини рушди устувор арзёбӣ мегардад.

Дар ҷаласа ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд, тавсеаи шарикӣ ва татбиқи самараноки ташаббусҳои муштарак дар самти таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: