Барои Ваҳдати миллӣ8-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳо Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ ва ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои муҳими миллии кишвар чорабиниҳоро баргузор намуда истодааст.
Аз ҷумла вобаста ба ин санаи 06 июни соли 2016 дар ташкилоти ибтидоии «Шоҳона» соати сиёсӣ дар мавзӯъи «Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» баргузор гардид. Сараввал Алматов З-муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳамагонро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, қайд намуд, ки бо иштироки аъзоёни ҳизб тӯли ҳар ҳафта чунин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ доир карда мешавад. Ӯ ёдовар шуд, ки ҳар як узви ҳизб вазифадор аст, ки ҷиҳати амали гаштани сиёсати ҳамаҷонибаи Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳизб, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мубориза барад. Дар фарҷом Мадаминова Мавзуна-мудири шӯъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба 10 нафар, ки бештари онҳо ҷавонон буданд ба узвияти ҲХДТ дар вазъияти тантанвӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиашонро супорида, ба онҳо таманниёти нек намуда аз ҷумла бори дигар таъкид намуд, ки аъзоёни содиқу вафодори ҲХДТ бошанд ва баҳри пешравии давлати соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. М. Мадаминова, мудири шӯъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.