Омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз17-03-2016, 16:01
Хабарро хонданд: 404 нафар
Назарҳо: 0
«Таблиғот тавассути ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ» - шиорест дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, коргоҳу зерсохторҳо ва кумитаҳои маҳаллаҳои ноҳияи Бохтар ҳар ҳафта рӯзи шанбе шанбегиҳо баргузор гардида истодааст.
Ин амал байни фаъолони ҲХДТ ва сокинон ба ҳукми анъана даромада, аҳолӣ бо азми қавӣ ба тоза намудани атрофи маҳалли зист ва коргоҳи худ пардохтаанд. Сафедкунии ниҳолу дарахтон, шинонидани гул ва ниҳолҳои гуногуни ороишиву мевадиҳанда, тоза намудани ҷӯйборҳо ва монанди ин аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки дар шанбегиҳо ба иҷро расонида шуда истодаанд. Умуман, сокинони ноҳияи Бохтар ҷашни Наврӯзро бо омодагии ҳамаҷониба ва руҳу илҳоми тоза пешвоз мегиранд. Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ҷашни Наврӯз бо тамоми шукуҳу шаҳомат ва расму оинҳои наврӯзӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ занону ҷавонон бо як дилгармӣ ба пухтани хӯрокҳои миллӣ аз он ҷумла суманаку оши бурида, ширбиринҷу далда, оши палаву умочи бо алаф ва намоиши ҳафсину ҳафшин зебу зиннат медоданд. Дар як тараф ҷавонон ба бандкашиву гуштингирӣ, хурузҷангу бозиҳои варзишӣ, занон ба доиразаниву хондани суруди наврӯзиву суманак, духтарон ба шеърхониву байдбарак машғул шуда буданд. Баҳорро бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд. Дар қисми дигари чорабинӣ иштирокчиёни беҳтарини Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби “Тоҷикон дар ойинаи таърих”-и Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!” барномаи ҷолиби диққатро ба ҳозирин намоиш доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.