Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Масоили тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд

Масоили тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд

Сегодня, 14:34
Хабарро хонданд: 5 нафар
Назарҳо: 0
Масоили тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия баррасӣ шудМасъалаҳои тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия дар суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Беате Майнл-Райзингер баррасӣ гардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гуфтугӯ вазирон масъалаҳои тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин вазъи кунунии минтақаро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо вобаста ба таҳкими равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо истифодаи зарфияти фаровон ба мувофиқа расида, иштироки фаъоли ширкатҳои машҳури австриягӣ, ба монанди «Фойт Ҳайдро» ва «Андритс Ҳайдро» дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими гидроэнергетикӣ ва «Доппелмайер» дар бахши сайёҳии Тоҷикистонро ҳамчун намунаи хуби ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Баимзорасонии Созишномаи қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 10 миллион евро байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати австриягии «АМЕ» оид ба муҷаҳҳаз ва муосиргардонии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири муҳим арзёбӣ карда шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Беате Майнл-Райзингер аз густариши бемайлони муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки дар марҳилаҳои навбатӣ барои тақвияти минбаъдаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: