Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон2-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Дар боғи навбунёди марказии ноҳияи Деваштич бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашни идонаи бошукуҳ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Рустам Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, тамоми кӯдакону наврасонро табрику муборакбод намуд ва оид ба сифати таълиму тарбия, таъмини ҳуқуқ, ҳимоя ва беҳдошти саломатии кӯдакон самтҳои пешгирифтаи афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр карданд. Дастгирии Ҳукумат, ташкилоту корхонаҳо ва шахсони саховатмандро нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, оилаҳои камбизоат қайд карда, дар охир ба мудирону мураббияҳои кӯдакистонҳо ва кӯдакони фаъол Ифтихорномаю тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд. Ба хусус иштироки Меҳрафрӯз Баротова дар озмуни вилоятии «Шукуфаҳои Истиқлол» ва ишғоли ҷойи якум дар алоҳидагӣ ба забон оварда шуд.
Баҳри болидахотирии кӯдакон барномаҳои фарҳангию фароғатии омодакардаи худи наврасон бо шукуҳу шаҳомати хосса манзури ҳамагон гардид. Дар ноҳия баҳри баланд бардоштани завқи кӯдакон озмуну маҳфилҳои «Шукуфаҳои Истиқлол», «Мо бачагони хушбахт», «Бонучаи сол», «Мо, толиби сулҳем», «Мусаввири ҷавон» ташкил ва гузаронида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.