Консерти идона барои кӯдакон1-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон барномаи консертӣ баргузор гардид, ки дар он тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Азимбой Азизӣ ширкат варзида, кӯдакону наврасонро бахшида ба 1 июн, ки ҳамчун Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон дар тамоми сайёра ҷашн гирифта мешавад, муборакбод намуд. Зикр гардид, ки фардои дурахшони мо маҳз аз солимиву бардамии насли ҷавонтарини ҷомеа, яъне кӯдакону наврасон вобаста аст. Аз ин лиҳоз, ҳифзи саломатии кӯдакон ва дар роҳи рост тарбия намудани онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, мураббияҳои кӯдакистонҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ буда, аз ҳамагон масъулият тақозо менамояд. Сипас, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои маркази ноҳия бо барномаҳои рангини худ, аз ҷумла қироати шеърҳо, суруду таронаҳо бо лафзи кӯдакона, рақсҳои ҷолиб ва саҳаначаҳои ҷолиб чорабиниро ҳусни тоза зам намуданд. Баъдан дар назди Қасри фарҳанги ба номи М.Воҳидов консерти калон бо иштироки санъаткорони ноҳия чорабиниро идома бахшида, сайругашти оммавӣ доир гардид.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.